en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Дар бораи мо
Аз чӣ ҳамааш сар шуд…

(Таассуроти Амал Хoнум Ҳoҷиева – яке аз аввалин коргарҳои MФ «Бохтар», Роҳбар оиди робитаҳо бо ҷомеа)

Маркази Фарҳангии «Бохтар», соли 2001 аз ҷониби Ташкилоти Ғайридавлатии (ТҒД) фаронсавӣ оиди ёрии гуманитарӣ ва тараққиёт - АКТЕД, барои ҳалли проблемаи норасоии имкониятҳо, дар истифода бурдани воситаҳои фарҳангӣ, иттилоотӣ ва таълими иловагӣ дар Тоҷикистон, ташкил шудааст. Аз ҳамон вақт, Марказ ба як маркази ҳаёти фарҳангӣ, табдил ёфт. Инак, Маркази Фарҳангии «Бохтар», 14-ми декабри соли 2001 кушода шуда, ҷойгиршавии худро дар ҳавлие, ки на онқадар дур аз Донишкадаи Педагогӣ буд, интихоб кард: ва ин тасодуфӣ набуд, зеро мақсади Марказ, пеш аз ҳама, ҷалб намудани ҷавонони донишҷӯй буд. Махсусан, ки каме дуртар Донишгоҳҳои Аграрӣ ва Тиббӣ, коллеҷи Рассомӣ, коллеҷи тиббӣ ҳастанд...

Аз сабаби овора будан бо корҳои ҳаррӯза, на он қадар вақт, барои ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳафтсолаи «Бохтар» мемонад ва гумон мебарам, ки ин кори осон ҳам нест. Ба ҳар ҳол, мехоҳам баҳри ин, як кӯшиш бикунам:
Дар он солҳои 2001-2002 ҷумҳурӣ баъд аз ҷанги бародар кушӣ, бо як азобу машақат ба худ меомад. Вазъияти сатҳи зиндагии мардум, хоҳони беҳтар буданро металабид. Бисёри зиёиён китобҳои худро мефурӯхтанд, ки нони хӯрдани бар ивазаш бихаранд. Профессорон бошанд боркашонӣ мекарданд, ки ягон хел карда оилаи худро хӯронанд. Театрҳо холи монданд, актёрон ба соҳаҳои журналистика, бизнес мерафтанд, куҷо камтар пул коркарда мешуд.

Пайдо шавии Маркази Фарҳангии «Бохтар» дар ҳамон давра як воқеиёти равшан ва муҳим шуд, ки дорои аҳамияти бузург барои рушди фарҳангу маданияти Тоҷикистон дошт, аз ин рӯ, беҳуда набуд, ки худи вазири Фарҳанги Тоҷикистон, дар тантанаи кушодашавии он бо паёмномаи худ баромад карда буд.

Аз рӯзҳои аввали пайдоиши худ, «Бохтар» ба ташкил кардани намоишгоҳҳои расм ва суратҳои раcсомону суратгирони тоҷик, гузаронидани конcертҳо дар ҳар гуна равияҳои мусиқӣ, оuоз карда буд. Вале ҳоло ҳам начандон одамони бисёр дар бораи мавҷуд будани ин ташкилот медонанд. Маҷбур ҳастем, ки худамон ҳунармандонро кофту коб кунем, ба онҳо барои ташкил намудани намоишгоҳ муроҷиат кунем. Зеро, ки на расcомон ва на суратгирон ҳавас надоранд намоишгоҳи худро дар «Бохтаре», ки ба ҳеҷ кас маъруф нест гузаронанд.

Мо «Бохтар»-ро ҳамчунон, ки тифли навзодро дeст медоранд, дӯст медоштем ва ба он ҳамчун мисли модар, ки ба кӯдаки худ нигоҳубин мекунад, муносибат мекардем. Муносибати дӯстонае, ки дар байни ҳамкорони «Бохтар» вуҷуд дошт, баъзан вақт, ҳатто ҳасади коргарони дигар ташкилотҳоро меовард...

Директорон иваз мешуданд, базеашон хубтар буданд, базеашон начандон хуб, вале дар як чиз ҳама ҳамфикр ва якдил буданд: «Бохтар» бояд вуҷуд дошта бошад ва инкишоф ёбад! Ва барои ин қувваи худро дареғ намедоштанд.

Якумин рассоме, ки дар МФ «Бохтар» расмҳои худро ба намоиш гузошта буд, ин бисёр рассоми аҷоиб Муриват Бекназаров мебошад, ва якумин суратгир – ин Генадий Ратушенко мебошад, ки шӯҳраташ берун аз республикаамон баромадааст.

Баъд ҳамкории чандинсолонаи мо бо Академияи мақом сар шуд, ки дар сари роҳбарии он Абдували Абдурашитов буд. Дар МФ «Бохтар» як қатор конcертҳои мусиқии тоҷикии анъанавӣ, ки бо гурӯҳҳои ҳам кӯдакона ва ҳам калонсолонаи Академияи мақом иҷро шуда буданд, ки ҳарчанд бештари мухлисони мусиқии халқиро ҷалб мекарданд, гузаронида шуда буд.

Он рӯзҳо бисёри намояндаҳои зиёиён, ки пазмони ғизои маънавӣ буданд, бо чашмони пур аз оби худ наздамон омада минатдории худро изҳор мекарданд ва мегуфтанд, ки МФ «Бохтар» ягона тирезаи рӯшнои афган дар ин ҳаррӯзаҳои торик.

Боз дарсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МФ «Бохтар» оғоз ёфт, таълимдиҳии забонҳои фaрoнсавӣ, англисӣ, олмониро сар карданд. Аллакай бад аз якум нимсолаи таълимӣ дар бораи мо ба воситаи талабагонамон бисёреҳо фаҳмиданд ва ҳар даъфа қабули талабагони нав бо тӯдаи калони хоҳишмандон мегузашт. Талабагон ҳамин чунин ба дӯстону шиносонашон дар бораи чорабиниҳои фарҳангии мо нaқл мекарданд ва ба МФ «Бохтар» даъват мекарданд. Ҳамин тавр, на танҳо шумораи онҳое, ки морo медонистанд, балки онҳое ки Маркази моро самимӣ дӯст дошта буданд, рӯз аз рӯз меафзуд.

Мо фестивалҳои назм, ҳар гуна семинарҳо, ҳафтаҳои филмҳои ин ё он давлатҳо, вохӯриҳои санъаткорони театри Осиёи Миёна, мастер классҳо доир ба мусиқии электронӣ, Идҳои Мусиқӣ бо дастгирии ҳаргуна сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ мегузаронидем. МФ «Бохтар» дар ҳақиқат ҷои мусоҳибавии фарҳангҳо гардид: дар қатори рассомони тоҷик дар Марказ намоишҳои суратгирони фаронсавӣ, рассомҳо аз Муғулистон, Украина, ШМА, суратгирони Эрон, конcертҳои гурӯҳҳои америкоӣ ва ғайраҳо мегузаштанд.

Дигар ба мо лозимият надорад аз пушти кофтукоби муаллифоне шавем, ки хоҳиши дар маркази мо намоиши худро гузаронидан дошта бошанд. Акнун онҳо худашон қариб яксол пешаки ба қайд меистанд, зеро онҳо фаҳмиданд: намоишгоҳ дар МФ «Бохтар» - имконияти бисёр хуб аст барои шинос намудани дӯстдорони хориҷии санъат ва ҳамватанон бо эҷодиёти худ ва фурӯхтани асарҳои худ, бе додани фоизҳои баланд барои ин...

Ба туфайли намоишгоҳҳои МФ «Бохтар», дар бораи рассоми ҷавону олиҷаноби тоҷик – Илёс Маммаҷонов берун аз Тоҷикистон, дар хориҷи дур низ фаҳмиданд, дар: Австрия, Фаронса, Олмон, ШМА ва дигар ҷoйҳo.

Бисёри ҳунармандони санъати рассомӣ, ки дур буданд аз эҳтимоли онҳоро ҷавон шуморидан, имконият пайдо карданд, ки якумин намоишгоҳи персоналии худро бо шарофати МФ «Бохтар» гузаронанд, мисли рассоми хеле боистеъдод ва карикатуристи маъруф – Рафиқ Манясаров.

МФ «Бохтар» ба ҳамаи хоҳишмандон барои ба намоиш гузоштани асарҳои рассомиашон имконият медод, албата, агар асарҳояшон арзанда бошад.

Бар замми ин, МФ «Бохтар» барои донишҷӯёни ҳам Институти санъат ба номи М. Турсунзода ва ҳам Коллеҷи рассомӣ ба номи М. Олимов имконият медиҳад, ки расмҳои худро ба намоиш гузоранд ва ин намоишгоҳҳо бо мувафақияти калон мегузаранд. Инчунин намоишгоҳи асарҳои рассомии духтараки боистеъдод Жаклин Гукасова, ки синнаш ҳафтсола буд, ташкил карда шуда буд.

Намоиши суратҳо бо номи «Замини аз осмон дида шуда» -и суратгири фаронсавӣ Ян Артюса Бертран, ки дар деворҳои Боғи марказии фарҳангиву фароғатии пойтахт овезон карда шуда буданд, муваффақияти олидараҷа дошт, ки онро миллионҳо тамошобинон диданд.

МФ «Бохтар» инчунин, қариб бо ҳамаи мактабҳои мусиқии шаҳр хеле зич ҳамкорӣ мекунад, ки ин барои кӯдакон имконият фароҳам меоварад, ки онҳо истеъдодҳои худро на танҳо ба тамошобинони дохилӣ, балки ба хориҷӣ ҳам нишон диҳанд.

Бисёри аз гурӯҳҳои мусиқинавозон ва якка навозандагон ва ҳофизон аввалин баромадҳояшонро дар саҳна, маҳз дар консертҳои МФ «Бохтар» буд. Мисол, Азалия Галиахмедова, ки ҳозир на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дур аз он ҳам машҳур шудааст, донишҷӯ ва скрипка навози, он давра ба ҳама ношинос буд, ки аввалин консерташро дар МФ «Бохтар» гузаронид. Дар Маркази мо аввалин баромади гурӯҳи «Хунягор» бо роҳбарии Ҳунарманди халқии ҶТ – Саидқул Билолов, дастаи навозандагони асбобҳои мусиқии зарбӣ бо роҳбарии Всеволод Ҷавадзода, рок-гурӯҳҳо, дастаҳо аз ҳар гуна мактабҳои мусиқӣ ва ғайраҳо шуда гузашт.

Дар МФ «Бохтар» мусиқии жанрҳои гуногун садо медиҳад: аз мусиқии анъанавии тоҷикӣ – Шашмақом сар карда то ҷаз. Дар инҷо бисёри ситораҳои саҳнаи опера, сарояндагони эстрада, ҳунармандони халқӣ ва хизматнишондодаи республика.

Навозандаи фаронсавӣ Томас Шарметан мастер класс доир ба мусиқии электронӣ барои мусиқинавозони Душанбе мегузаронад... .

Хореографи фаронсавӣ хонуми Лоранс Левассор омада истодааст, ки ӯ воқеан то имрӯз бо дастаи рақсии тоҷикӣ - «Падида» ҳамкорӣ мекнад.

Албатта, МФ «Бохтар» на метавонад толори синамоии худро на дошта бошад: дар ин ҷо ҳар ҳафта филмҳои беҳтарини режиссёрони ватанӣ ва хориҷӣ намоиш медоданд ва ҳоло ҳам намоишдиҳиро давом медиҳад. Фестивали филмҳои ҳаргуна давлатҳо низ гузаронида мешавад.

Фестивалҳои ҳунармандӣ, ки ҳар даъфа бештари иштирокчиёнро ва тамошобинонро ҷалб мекунанд доимӣ шуда монданд. Ҳар гуна рок-фестивалҳо, рӯзҳои Мусиқӣ ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

Ва албата, МФ «Бохтар» саҳми худро ба кори муҳофизати мероси фарҳангии халқи тоҷик мегузорад: ба кори барқарор созии ҳайкали Буддо иштирок мекунад, китобчаҳо мебарорад ва баъдан феҳристи чизҳои қадимии осорхонаи Тоҷикистонро ҳам барвардани ҳаст.

Им сол ба МФ «Бохтар» гурӯҳи нав омад, бо сарварии директори барномаҳо – Георгий Мамедов.

Ва МФ «Бохтар» ҳамчунин аз чорабиниҳои гуногун ҷӯш мезад, ин ҳам намоишгохи санъати муосир, ҳам семинар доир ба Арт-танқидкунӣ, ҳам намоишгоҳи «Тезисҳои апрел», ҳам намоишгоҳи рассомони ҷавон ва ғайраҳо буданд.

Имрӯз моро дар шаҳр хеле хуб медонанд. Баъзан ба ман касал шудан ҳам намемонанд:
- Охир кай чорабинии оянда дар МФ «Бохтар» баргузор мегардад? Мо аллакай пазмон шудем!

Фикр дорам, ки мо «Бохтариён» тамоми заҳматамонро бар он медиҳем, ки он чизҳои бо «Бохтариёни» пешина карда шуда буд нигоҳ дорем, ва инчунин кори худро такмил диҳем, норасоиҳо ва нуқсонҳоро бартараф диҳем. Ҳатто он кас надорад, ки кор намекунад.
Хусусан, мо ҳама «Бохтар» -ро ҳамчун фарзанди худ, ҳамчун хонаи азизи худамон дӯст медорем.
  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика