|
Маркази фарҳангии «Бохтар» - ин маркази фарҳангию таълимиест, ки дар Душанбе, Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳадафи он, тараққи додани фарҳанг ба воситаи фароҳам овардани имкониятҳои гирифтани иттилоот, аз семинарҳо ва конфронсҳо, дарсҳои омeзиши забонҳо ва компютер, ва инчунин бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, мисли намоишгоҳҳо ва консертҳо. Марказ кӯшиш менамояд, ки шаклҳои муосири санъатро тараққӣ диҳад, ва инчунин мероси фарҳангии гузаштаро ҳифз намояд.
Саломномаи Георгий Мамедов, Директори барномавии МФ «Бохтар»
Дӯстони гиромии МФ «Бохтар»,
Инак биёед нигоҳ кунем, дар куҷо мо ҳозир ҳастем...
«Бохтар» 6 сол қабл аз ин бунёд гардида, барои пур намудани холигӣ дар зиндагии маданиву фарҳангии Душанбе, ба воситаи ташкил намудани як фазое, барои гузаронидани чорабиниҳои эҷодиву таълимӣ, ки тавонанд мардуми зиёдеро то ҳад бештар ҷалб намоянд. Марказ ба ҳадафҳои гузошта расид ва ба як ҷое мубадал гардид ки, инҷо расомон метавонанд дасткардаҳои худро ба намоиш гузоранду, донишҷӯён бошанд дар дарсҳои омӯзиши забонҳо иштирок кунанд.
Аммо мо бояд ҳаракати худро пеш барем...
Вале, чун пешина, доимо мушкилиҳо рӯй медиҳад. Барои он ки меҳмонони боз ҳам бештарро ҷалб намояд, «Бохтар» кӯшиш менамояд, ки ба талаботҳои кулли одамон мувофиқат кунад ва ҳамчун нишондиҳандаи эҷоди бадеӣ, бо ҷалб намудани истеъдодҳои ҷавон ва ривоҷ додани ҳамкорӣ байни шахсони эҷодкор, хизмат кунад. Барои мунтазам ба амал овардани барномаҳои худ, «Бохтар» чорабиниҳои худро дар доираи бобҳои асосӣ ташкил медиҳад, ки онҳо одамонро роҳнамоӣ мекунанд, ва барои ёфтани барномаҳои ҷолибтарин ёрӣ медиҳанд.
Ингуна боб, мисли Бохтар_Мусиқӣ – консертҳои мусиқии классикӣ, эксперименталӣ ва анъанавӣ пешкаш мекунад, он замоне, ки Бохтар_АртEdu – семинарҳо, мастер классҳо ва мубоҳиссаҳоро дар ҳаргуна мавзeъҳое, ки ба санъат таалуқ доранд дар бар мегирад. Қадршиносони синамои алтернативӣ, ноумед нашавед! Дар доираи яке аз лоиҳаи мо, ки номаш CinemArt мебошад, мо намудҳои гуногуни филмҳои маъруфи хориҷиро намоиш медиҳем. Тамошобинон баъд аз тамошои ин филмҳо, метавонанд нисбати ин ё он филм муҳокима ронанд.
Намоишгоҳ дар таҳхонаи бесоҳиб? Боз чӣ метавонад аз ин ҳам бурунмоятар ва ҷиддитар бошад? Лоиҳаи мо, бо номи Арт-Подвал, дар худ ҳамагуна ҷузъиётҳои ҳаяҷоновар, ки ба чунин намуди лоиҳаҳo муносибанд дар бар мегирад. Як қисми боби Бохтар_Артвижон буда, яъне бобе, ки барои гузаронидани намоишгоҳҳои воситаҳои гуногуни санъати визуалӣ нигаронида шудааст, Арт-Подвал барои ҷавонон ва шахсони бо маърифат муқаррар карда шудааст.
Дар МФ «Бохтар» китобхона ҳаст! Дар он коллекcияи калони адабиёт ва маҷаллаҳои хориҷӣ ҷаъм оварда шудааст, ва аз феврал сар карда, мо ҳамаи хоҳишмандонро ба толори нави хонишӣ, ба қаҳва нӯшӣ даъват менамоем. Дар онҷо доим хонишҳои оммавӣ, шабҳои назмхонӣ ва мa[филҳои китобӣ, бо [аргуна забонҳо, аксар вақт бо забонҳои русиву англисӣ, гузаронида хоҳад шуд. Ягон китоберо, ба туфайли боби мо, ки ном Бохтар_Рафҳои китоб дорад интихоб карда бо адабиёти беҳтарини тоҷикӣ шинос шавед!
Чандҳо бор шумо андеша меронед... «Барои чӣ ман дар мактаб вақтамро барои омӯзиши забони фаронсавӣ сарф мекардам? Ман дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам ку!» Шояд беҳтараш ба қаҳвахонаи Забонҳо, ки дар мо ташкил шудааст, дохил мешавед? Инҷо, метавонед донишатонро бо самар истифода кунед ва бо шахсони забонҳои хориҷидон, дар мавзӯъҳои гуногун, аз муҳити зист сар карда, то оиди эҷодиёти Достаевский, сӯҳбат кунед.
Чӣ тавр моро ёфтан мумкин? Чӣ тавр фаҳмидан мумкин, ки дар Маркази мо чиҳо гузашта истодааст? Хавотир нашавед, дере нагузашта шумо метавонед хабарҳои моро дар бораи чорабиниҳои пешмеомада бихонед. Агар шумо, бюллетени иттилоотии моро дастрас кардан хоҳед, танҳо як кор карданатон лозим, суроғаи электронии худро ба мо ирсол менамоед, ва мо тавсия медиҳем, ки шумо иштирокчии фаъоли ҳамаи чорабиниҳое, ки дар «Бохтар» мегузаранд мешавед.
Нисбати нақшаҳои мо дар соли оянда?... Мо мақсад дорем, ки он чизе, ки дар боло зикр карда шуда буд, ва ҳатто ният дорем аз он ҳам зиёдтар иҷро намоем.
Дарҳои мо кушода аст. Акнун очирати шумо.
Ҳаловат баред!
Георгий Мамедов – Директори барномаҳо
|
|