|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
| |
Таълим ва координатсия дар соҳаи санъат |
|
|
Имконияти итилоотгирӣ -
вохӯриҳои координатсионӣ доир ба фарҳанг
Вохӯриҳои координатсионӣ доир ба фарҳанг (ВКФ), соли 2003 аз тарафи Сафорати Олмон, АКТЕД ва Раёсати Швейсария доир ба ҳамкорӣ ташаббус карда шудааст ва то соли 2007 давом додаст, дар доираи барномаи Раёсати Швейсария - «Тарғиби гуногунии фарҳангӣ» ҳамоҳанг шудааст. Мақсади ВКФ, воҳӯриҳои доимии ҳодимони гуногуни соҳаҳои фарҳанг ва санъат дар Душанбе мебошад, барои мубодилаи итилоот, фикрҳо, таҷриба, барои беҳтар координатсия ва ҳамкорӣ кардан.
Марҳилаи аввал, барои солҳои 2004-2006, бо ташаббуси Маркази Фарҳангии «Бохтар» гузаронида шудааст. Дар давоми марҳилаи номбурда, лоиҳа аз нуқтаи назари мақсадҳо ва умедҳои дошта, натиҷаҳои хуб дод: шумораи иштирокчиён аз 7 нафар то 28 нафар афзуд (намояндаҳои муассисаҳои гуногун), иштирокчиён тақрибан дар даҳто ВКФ фаъолона иштирок варзиданд.
Ба ғайр аз ин, методологияи вохӯриҳои координатсионӣ доир ба санъат беҳтар карда шуда буд, дар асоси хулосаҳо ва хоҳишҳои кардаи иштирокчиёни вохӯриҳо.
Барои муносибатҳоеро, ки дар тӯли гузаронидани марҳилаи аввали лоиҳа ташаккул ёфтанд, ривоҷ додан, МФ «Бохтар» барномаро дар соли 2008 ҳам давом медиҳад ва даъват намуд, ки муҳосибаҳо дар мавзӯъҳои бо санъат ва фарҳанг алоқа дошта бошанд. Мувофиқи ҳамин, мавзӯъҳои зерин интихоб шуда буданд: “Санъати муосир дар Осиёи Марказӣ” (тафсир), “Санъат ва воситаҳои ахбори омма: масъалаҳои танқиди бадеӣ ва рӯзноманигорӣ, “Анъанаҳо ва Муосирот: намудҳои анъанавӣ ва муосири санъат – ихтилоф ё мусоҳиба”, “Фарҳанг ва Бизнес: саноати эҷодӣ - чун ҳалли масъала”. Ғайр аз ин, барои ҳар як вохӯрӣ ба иштирокчиён тақвими чорабиниҳо ва бюллетени МФ “Бохтар” дар намуди электронӣ ва чопӣ фиристонида мешавад. Инчунин, Веб-сайти МФ “Бохтар” маълумотро дар бораи фаъолият ва чорабиниҳои Маркази Фарҳангӣ, пешкаш месозад.
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Семинарҳо дар доираи мавзӯъи кураторӣ ва танқиди бадеӣ
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|