en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Таълимот
Дарсҳои забономӯзӣ

МФ “Бохтар” сатҳҳои гуногуни дарсҳои забони англисӣ, олмонӣ ва фаронсавиро, пешкаш менамояд, аз оғозкунандаҳо сар карда то давомдиҳандаҳоро, инчунин лавозимотҳо барои омӯзиши забон, ки бо онҳо ҳам дар Марказ кор кардан мумкин ва ҳам ба хона гирифтан.

ДАРСҲОИ ЗАБОНОМӮЗӢ

Давомнокии мудати омӯзиш 5 моҳ. Дарсҳо дар як ҳафта 2 маротиба гузаронида мешаванд:
- Сессияи 1-ум – аз моҳи сентябр то моҳи январ
- Сессияи 2-юм – аз моҳи феврал то июн


Нарх бо сомонӣ:

Категория

Хонандҳои пешина

Хонандаҳои нав

Хонандагони мактаб

110

120

Донишҷӯён

140

150

Коркунҳо

210

220

ДАРСҲОИ МАХСУСИ ЗАБОНОМӮЗӢ

Марказ дарсҳои шахсии забономӯзӣ ва дарсҳои забономӯзии адаптатсияшуда барои рӯзноманигорон, кормандони ТҒД, ташкилотҳои байналхалқӣ ва муассисаҳои давлатӣ, пешкаш мекунад.

Барои маълумоти иловагӣ дар бораи дарсҳои махсуси забономӯзӣ, бо телефонҳои зайл муроҷиат кунед:
221-81-34 / 227-03-69

bactria.education@acted.org

ҚАЙДКУНӢ

Кӯдаконе, ки синнашон ба 8 нарасидааст, ба қайд кардан роҳ дода намешаванд. Барои донишҷӯёне, ки дар дигар марказҳои таълимӣ дарс омӯхтаанд, ҳатман тест барои фаҳмидани сатҳи дониш, супоридан лозим.

Барои осонтар кардани қайдкунӣ, Шумо метавонед варқаи намунавии ба қайд дарориро аз сайт гиред.

Онро чоп кунед, пур кунед ва рӯзи қайдкунӣ бо худ биёред.

Барои маълумоти иловагӣ ва қайдқунӣ, бо телефонҳои зайл муроҷиат кунед: 221 82 34 / 227 03 69
e-mail: baсtria.education@acted.org

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Имтиҳонҳо аз DELF/DALF

Қаҳвахонаҳои забонӣ

Грантҳо барои таълимгирӣ ва тадқиқот гузаронӣ

Ташаббусҳои дигар

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика