|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол
Барои чӣ Ленин?
Кӯҳнагии фаромӯш нашуда ва номаълумии Навин
Барои чӣ МФ «Бохтар» тасмим гирифтааст, ки рӯзи таваллуди сиёсатмадори маъруфи асри ХХ – Владимир Улянов-Ленинро бо гузаронидани вернисаж бо номи хрестоматӣ – «Тезисҳои апрел» ҷашн гирӣ кунад? Ин худ як кӯшиши ба гузашти таърих боз гаштан буд ва фаҳмидани он, ки қаҳрамони идализатсия карда шудаи асри ХХ «оё зиндаи зиндаҳо» мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ба намояндаҳои санъати воқеӣ озодии пурра барои ифода кардани нигоҳи худ дар бораи мавзӯъи асосии шӯравиҳо дода шуда буд, зеро вақте ки санъати эҷодӣ дар таги назорати соҳаи сиёсатмадорӣ қарор дошт, онҳо аз он давра худро дур мекашиданд. Ҳамин тавр дар намоишгоҳ рӯҳбаландӣ, услуби достонӣ, панегирикӣ ва ҳаяҷон овари санъати баёния ва тамоман муқобилияти он – тамасхуромезӣ, гоҳо оғози шӯхӣ. Ягона чизе, ки ду равияҳои гуногунро сарфи назар ба тарз, техника, андоза ва жанри санъатии онҳо, якҷоя мекард, ин ончиз мебошад, ки қаҳрамон дар ҳамаҷо шинохта мешуд, ҳатто дар симои то ҳади сафсата бурда, ҳамчун пешво дар намуди фурӯзонак бо кепка (як намуди сарпӯш) (видеои зӯр ва тасвирии Алексей Румянцев – «Лампочка Ильича» (Фурӯзонаки Илич).
Фирефта шудан ва фикр кардан на бояд, ки гӯё маҳз давлати сосиалистии авторитарӣ тарғибот ва парастишро офаридааст. Ақидаи қаҳрамон, чун намунаи ахлоқӣ, ҳаётӣ, барои раияти худ, дар давраҳои қадим бавуҷуд омадааст, бо мувафаққият дар ҳама давраҳо истифода мешуд ва ин рӯзҳо ҳам бетаввақуф кор мекунад. Симои қонунӣ ҳамавақт дар худ ду вазифаи ассосиро дошт: яке аз онҳо моҳияти индивидуалӣ, заминиро муаррифӣ мекард, дигараш симои мардумии онро дар намуди рамзҳо. Ин барои навистан, сохтан, гулдӯзӣ кардан, чоп кардан, расм кашидан ва буридани симои қонунӣ дар ҳаргуна матоъҳо, беҳадду поён ба он андомҳо, ҳаракатҳо ва либосҳо ниҳодан, ки онҳо бо корхонаҳои давлатӣ даққиқ тайёр карда шуда буданд, имконият медод. Дар гирди нақшу нигори набототи санъати амалӣ, мисли «ниҳолҳои биҳиштӣ», ташкилкунандаи ҷаҳон ҳамчун баробари худоён ҳисоб мешуд, дар муҷасамаҳои ёдгорӣ, «рӯҳан ва бо андоза дастнорас», бар халқ баланд шуд ва ғайра. Хулосаи гап, ҳамаи асарҳои эҷодшудаи санъати академии тоталитарӣ танҳо пайёми сиёсии халқ мебошад, ки дар тамоми фазои ойкумена давр мезанад, кадом ҷое, ки ӯ метавонад дарояд.
Дар гузашта умуман ҷавҳари материалии пешво бо симои ҷиддӣ батартиб андохтаи суратӣ (расмӣ), ҳамчун намунаи фарҳангиву айнияткунандаи давраи советӣ буд. Вале кунун, маънои пешинаашро гум карда ӯ ҳоло ҳам ба ҳама шинос мемонад. Маҳз ҳамин хусусияташ ба рассомони муосир имконият медиҳад, ки намунаи оддиро, бо шикастани ҳамаи чаҳорчӯбаҳои қоидаҳо, фаъолона ифода кунанд. Дар санъати актуалӣ, «номонандии» асарҳои эҷод кадаи якдигар хеле арзиш меёбад, ифодасозии маҳз нигоҳи худи рассом бошад хеле муҳим аст. Дар ин ҷиҳат намоишгоҳ натиҷаҳои хеле ногуворро пешкаш намуд. Дар инҷо ҳам иваз шавии зарифи чеҳраҳо ва қаҳрамонон дар шакли иконографии ёдгориҳои советӣ (суратҳои Мурод Шарипов), дилрабоии ба нарх арзон ва паблисити (мардумӣ будан) дар нишонаҳои арзон, ки Валодяро дар кӯдаки ва Иличро дар комилият (хулосаи аҷоиби фотосикли Ҷамшед Холиқов) ва параллели бо ангушти чун анъанавӣ, самт нишон медодагии пешво бо гурзи (жезли) милиса (банерҳои калон андозаи Азиза Рустамова).
Намоишгоҳи на онқадар калон бо номи оддӣ - «Тезисҳои апрелӣ» хеле найранговар, пандомез ва ҳатто ба андозаи муайян арбадавӣ буд. Кураторҳо услуби бомувафақи амаликунии ғояҳои худро пайдо карданд, бо истифода намудани сурудҳои давраи советӣ, ки онҳоро бо шукӯҳ ансамбли (гурӯҳи эҷодии) Донишгоҳи Тоҷикию-Русии (славянии) сароид. Рамзӣ мебошад, ки дар маросими кушодани вернисаж ногаҳон дар бораи худ ҳаво хабар дод. Борони ногаҳонӣ, чун шӯриши револютсионӣ, ҳамоҳангсозандаи хеле лоиқ барои шикастани идеалҳо буд.
(Додхудоева Лариса – санъатшинос)
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол
Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008
Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.
Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008
Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя"
- октябр 2008
Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008 |
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|