|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол
«Дар ҷустуҷӯи фазо» - ном дорад намоишгоҳи нави мо дар Маркази Фарҳангии «Бохтар», ки кушодашавии он 22 феврал шуда гузашт. Дар чрчӯбаи ин намоишгоҳ ё аниқтараш берун аз чорчӯбаи он – зеро маънои калимаи «чорчӯба» ҳам аслиаш ва ҳам маҷозиаш – ин якумин чиз буд, ки ташкилкунандагон ва муалифони намоишгоҳ, ки рассомони актуалии Душанбе – Баҳром Исматов, Ҷамшед Холиқов ва Илёс Мамаҷонов, онро дур кардани буданд.
Намоиш дар се «толор» ҷой дода шуда буд – дар галереяи берунӣ, ки аз дарвозаҳо то ҳавлии дарунии Марказ тӯл мегирифт, намоиши суратҳои Ҷамшед Холиқов ба тамошобинон пешкаш карда шуда буд; дар толори синамоӣ пай дар пай намоиши асарҳои видеоӣ мегузашт, аммо «нигини» вернисаж ин бакордарории ҷои нави намоишӣ – таҳхонае, ки аз чашми тамошобинон махкам карда шуда буд ва то вақтҳои охир ҳамчун анбор-хона истифода мешуд. Маҳз дар ҳамин таҳхона дар ду ҳуҷраи начандон хурд бо шифтҳои паст, расмҳои Баҳром Исматов ва Илёс Мамаҷонов намоиш гузошта шуда буданд.
Бо ташкилкунандагон, намоишгоҳ ҳамчун намоиши санъати муосир эълон карда шуда буд. Асарҳо дар равияҳои зерин пешкаш шуда буданд: фото арт, видео арт ва рассмҳои ақидавӣ. Ҷамшед Холиқов, дар ин намоишгоҳ якқатор суратҳои худро, ки дар проекти «Стартер» (2005с.) пешкаш карда буд ва айнан барои аз худ намудани сатҳи нав ҳамчун фазои нави санъатӣ дар суратгирӣ бахшида шуда буд.
Асарҳои «Девушка на шаре (Духтарак дар болои кура)», «Утренняя прогулка (Гардиши пагоҳирӯзӣ)», «Вратарь (Дарвозабон)» ва «Утренний чай (Чои субҳона)» ба бисёри тамошобинон шавқи зиёде меоваранд бо фикри аҷоиби рассом, ки дар ҷой кардани ҷисмҳо дар ҳаамворӣ бо воситаи суратмонтаж мебошад. Лекин аҷоибии кори рассом дар дигар маҳз дар чизи баръакс асос мегирад – ягон чиз монтаж нашудааст, ҳамаи асарҳои дасткарда суратҳои саҳнавӣ мебошанд, ки бо услуби душвори суратгирии чизҳо аз боло дар ҳолати горизонталӣ иҷро шудаанд.
Видео-ретроспектива, ки дар толори синамо пешниҳод карда шуда буд, дар худ корҳои рассомоне, ки ҳам пеш тасвир шуда ва ҳам асарҳои навро дар бар мегирифт. Кушода шавии намоишгоҳ, ҳамчун намоиши якум барои кори нави гурӯҳи эҷодии «Южное направление (Равияи ҷанубӣ)», «Hotel California» - мисли ишора ба тақлдикунӣ ба фарҳанги ғарб, ки вақтҳои охир дар миёни ҷавонон хеле зиёд дида мешавад. Дар кори худ муалифон боҳамсозии моҳиронаи наворҳои саҳнавӣ ва ҳуҷҷатӣ, кӯшиш мекунанд, ки ҳамаи бемаънигии акс ва тақлид кардан дар эҷодиёт, ва дар зиндагии ҳаррӯза, ва дар ҳамон замон нишон додани сатҳи ҷолиби фарҳанги анъанавӣ, аз они кадом халқ ки набошад – кӯдакони тоҷик аз садои асбоби мусиқӣ, ки онҳо пеш аз ин шунида набуданд ба ҳаяҷон омада аз пушти волынка навози фаронсавӣ, ки бо роҳи ҷанголуд ба куҷое ғайб мезад, ва номаълум аз куҷо ва чӣ тавр худаш дар онҷо пайдо шуда буд.
Барои душанбегиҳо, ки санъати эксперименталиро кам мебинанд, қисми намоишгоҳ ки дар таҳхона пешкаш шуда буд (онро ташкилотчиёни намоишгоҳи МФ «Бохтар» - ART-Подвал меномиданд), бешак ҳаяҷоновар буд. Ҳаяҷоновар ҳам ҷои интихобкардаи намоишгоҳ аз тарафи ташкилотчиён буд – хокистариранг, таҳхонаи пасте, ки бо вуҷуди ин худро кас дар онҷо хеле баҳузур ҳис мекунад, мумкин аз барои он ки рӯшноии нарм дошт ва мусиқии муосире садо медод, ки ба асарҳои банамоишгузошта мувофиқат мекард.
Рассомии ақидавӣ – ин худ равияест, ки дар он Баҳром Исматов ва Илёс Мамаҷонов эҷод мекунанд. Эҷодиёти Баҳром бо ҷилои рангҳои баландаш фарқ мешавад. Рассом рангҳои баландро истифода бурдан ва санҷишона омехта кардани рангҳо наметарсад. Шашдона тасвир ки бо ранги сафед ба тарзи бетартибона кашида шудаанд – ин аллакай дасткардаи Илёс, ки ба тамошобин эҳсосоти ҳархеларо меоварад. Савол ба миён меояд – оё ин уммуман рассомӣ бошад? Дар ин асари эҷод карда ки равияи онро аниқ кардан эҳтимолан мушкил аст – баъзеҳо инро ҳамчун инсталятсия, ва баъзеҳо лоиҳаи ақидавӣ меноманд. Рассом монанди шоири бузурги шарқ – Румӣ, ки шеърҳои аҷоибаш ба ҷустуҷӯи абадии одамизод – Худоро, на дар дилаш, балки дар атрофи худаш васф шудаанд, бо қалами борик ба катони ғафс кашида шуда ва бо рангҳои баланд молида шудаанд. Ва танҳо тамошобини аз ҳама бодиққат ва ҳавасманд фаҳмида метавонад, ки ин кор ба рассомӣ чун ҳамоно ҳеҷ таалуқе надорад, ва катону рангҳо – танҳо воситаҳои ошкор кардани (ё баракс пинҳонкунӣ) эҳсосиёти чуқур ва самимии рассом мебошанд.
(Георгий Мамедов – директори барномаҳо)
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008
Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол
Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.
Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008
Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя"
- октябр 2008
Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008 |
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|