en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Санъати тасвирӣ / Намоишгоҳи 2008

Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик. - июн 2008.

«Соя» - ин лоиҳаи коллективии ҳайкалтарошӣ, ки мунтазамии ҳаргуна системаҳои табииро пайваста бо элементҳои техногенӣ ва масолеҳҳои табии тадқиқот мебарад. Ин – синтези нигоҳи шахсӣ ва коллективии рассомон, ки дар натиҷаи «сайёҳати» якҷоя ташкил шуд. Самти сайёҳат аз болои дарёчаҳо ба болои кӯпрукҳои ҷунбон, қад-қади пайраҳачаҳо ва сангҳо, хонаҳои похсагин ва токҳои печидашуда.

Пайдоиши илҳом барои кори коллективӣ – вохӯрии тасодуфӣ бо бачаи тоҷик дар овринг буд, ки ӯ базӯрӣ бастаи шохаҳои сабзро дар даст медошт. Шохаҳо барои «дар хонааш сояро ташкил кардан лозим буд». Амалӣ хурд ҳам бошад, вале хеле олиҳимматонаи кӯдак – «ташкил намудани соя», маҷози зиндагӣ ва меҳрубонии футуристӣ нисбати замин шуда монд, ки лозимияти глобалиро барои ингуна меҳрубониро нисбати хонаи умумии мо карданро рамз мекард.

Лоиҳаи «Соя» масолеҳҳои гуногуни, ҳам табии ва ҳам техногениро истифода бурда, тамошобинро ҳамроҳ бо рассомон ба сайри роҳи вайронкунӣ ва чиркинкунии муҳити зист то ба таъғирдиҳӣ, ҷавонтаркунӣ ва муносибати эҳтиёткорона, ба чизҳое ки соя ва паноҳият барои замин медиҳад.

Дар ҷараёни кори коллективӣ, рассомон якҷоя нигоҳи худро андаруни замон ба гузашта ва оянда равона мекунанд. Маҳз андаруни ҳамин, бо «тирезаи» дар як лаҳза мушоҳида мекардагии Худо офарида мо метавонем бинем, ки зинда мондани мо дар рӯи Замин, дар асосҳои зиндагӣ кардан бо тарзи коллективӣ ва бошуурона мебошад.

«Соя», андаруни сарҳадҳои фарҳангӣ ва замони гузашта, ба дили одамон медарояд.
       
(Марта Ҷексон Ҷарвис – ҳайкалтарош аз ШМА)        

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол

Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008

Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол

Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008

Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя" - октябр 2008

Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика