en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Санъати тасвирӣ / Намоишгоҳи 2008

Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008

Санъати занона куҷост?

Ҷуръат карда мегӯям, ки намоишгоҳи «Санъати занона» якумин намоишгоҳе шуд, ки дар онҷо намояндаҳои ҷинси заиф кӯшиш карданд, ки санъати занонаро тасвир кунанд, дар асоси табъ ва нигоҳи муосир умуман ба санъат. Ҳамчун рамзи намоишгоҳ – себ интихоб карда шуд. Себ аз қадимул айём ҳамчун рамзи камолот ва чун рамзи истеъдоди Худо-дод ба ҳисоб мерафт. Аммо намоишгоҳ ба ин камолот ноил гардид ё не, инро қадршиносони ҳақиқӣ гӯянд.

Бо чияш ин намоишгоҳ ин қадар ҷолиб бошад? Аввалаш, бо ҷои интихоб карда. Ин на устохона, на галерея ва на осорхона мебошад, танаҳо таҳхонаи оддӣ аст. Бо зинапоя ба поён фаромада истода, ҳамчун ба таганбор ба поён фаромада бо як ҳисси ваҳм ва хунукӣ, аммо ногаҳон ба фазои фарҳангӣ воқеъ мешавӣ, ки дар инҷо рӯҳи накӯии занона ҳукумрони мекунад. Дар инҷо асарҳои анъанави ва муосирро дидан мумкин (рассомӣ, графика, кундал, гулдӯзӣ, фото ва видео арт, инсталлятсия). Ба кӣ, чӣ бештар маъқул аст. Ягон маҳдудият барои интихоб намудани мавзӯъ ва равияҳо нест. Боз он ки сифати масолеҳҳои муосир – рангҳо ва ҷилоҳои гуногун имконият доданд, ки таъсирҳои аҷоибро ҳам дар тобиш ва ҳам дар нозукиҳои гузариши рӯшноиву соя, дастрас кунанд.

Муҳити намоишгоҳ бори дигар тасдиқ кард, ки санъати занона бо меҳрубонӣ ва дилрабоӣ «бофта» шудааст. Мумкин барои ҳамин, дар намоишгоҳ гулдӯзӣ бо ресмонҳои абрешимӣ ва мӯҳраҳо («Олами наботот ва ҳайвонот) пекаш шудааст. Тасвири юз ҳамчун рамзи дарандагии бо назокати занона, чандирӣ ва хушандомӣ бо беобурангии зиндагонии зан монандӣ дорад.

Ихтилоти «Масхарабоз» («Паянц») аҷоиб мебошад, ки дар асоси техникаи батик иҷро шудааст. Аз расм масхарабоз бо нигоҳи ҳилаомез ба тамошобинон менигарад, бо маҳорат лухтакҳои худро идора мекунад, ва мумкин ки ҳам дилҳои одамонро. Ба расми «Мелодия» нигоҳ мекуниву садои мусиқии рӯҳиро мешунавӣ.


Агар дар «Ночной бабочка» («Шабпарак») сарфи назар ба нуқсҳои техникаи иҷрокарда, ба ҳар ҳол ҳиссиёти доимӣ набудан ва сабук будани симои сохта шудаи зан инъикос шудааст, вале дар асари «Духтари Кӯлобӣ» тамошобинро чашмони духтари ҷавон ба ваҷҳ меоваранд. Нигоҳи ӯ бо самимият ва дил кушодии худ, бо ғами дар худ пинҳонкарда мафтун мекунад.

Расми «Безликим рабыням - «пай» за труд, а «белому золоту» - хозяина найдут» («Ба занҳои бесимо ғулом – музди корӣ, ба «тиллои сафед» бошад – соҳибашро меёбанд») мавзӯъи гендериро ҷиддитар мекунад ва ба он ақидавияти лозимӣ мебахшад. Дар назди расм мақолаи рӯзнома ҳамчун маълумот барои андешаронӣ ва мумкин ҳамчун шарҳи фикри муаллиф овезон мебошад: «… Дар Тоҷикистон на ҳар як зан иди 8-уми Мартро интизор мешавад, дӯст медорад. Дастони сахтшуда ва кафидагии онҳо, дар ёд надоранд кай бори охир дар даст гулҳоро қапида буданд, онҳоро кай боз бо тӯъфа ҳеҷ кас шод накарда буд ва онҳо умеде ҳам надоранд…» (Asia-Plus/№ 10 (424)/6 марти соли 2008, “Не женский это праздник”).

Коллажҳои «Быстрая любовь» (Ишқи зуд), «Пришел, увидел и купил» (Омадӣ, дидӣ ва харидӣ) хеле нафис ва бениҳоят маҳоратнок мебошанд. Муаллиф проблемаи холигии маънавии ҷомеаи навро, ки дар он нақши калонро пул мебозад, пинҳон намекунад.

Муаллифи асарҳои рассомии «Дух традиций» (Рӯҳи анъанаҳо), «Лунная ночь» (Шаби маҳтоб), «Травница», «Во славу племени Кишкиак», кӯшиш мекунад, ки анъанаҳои фарҳангии ҳиндуёни Америкоро ҷустуҷӯ ва дарк кунад.


Баъд намоишгоҳ каме дилгирона менамад. Дар назди асарҳои чашмбар, аз ҷиҳати техникаи эҷодкарда ва композитсия, бисёри корҳои дигар гум мешаванд.

Вале экспозитсияи намоишгоҳ «Санъати занона», ногаҳон тамошобинро ба долони дигар мебарорад, таҷассум меёбад ва дар экран бо симои духтари ҷавон возеҳ мегардад, ки рӯяшро бо косметика ороиш медиҳад. Бо ҳамин тарз, гӯё мегӯяд, ки рӯзи нав – умедҳо ва орзуҳои навро мебиёрад.

Таассуротҳо аз намоишгоҳ ба он андешае меоранд, ки нақши рассом дар ҷомеаи мо тайғироти қатъи бояд гирад. Вай на бояд ба одаме монанд бошад, ки санъатро аз соати 8.00 то 18.00 мекунад ва илҳоми худро дар рӯи метрҳои квадратие, ки чун устохона ба ӯ аз тарафи давлат ҳисоб карда дода шудааст, меёбад. Рассоми муосир на бояд алоҳида аз санъат зиндагӣ кунад ва танҳо дар бораи ризқи рӯзӣ фикр кунад. Ӯ бояд интеллектуал бошад ва проблемаҳои ҷомеаро таҳқиқ кунад. Чун эҷодкор зистан маънои инро дорад, ки рассом бояд тавонад он тассавуроте, ки дар ҷомеа дар бораи санъат поя гирифтааст – онро тавонад таъғир диҳад.

Аз мо танҳо умедвор шудан мемонад, ки ягон вақт дар инҷо ҳам тамошобини худамон пайдо мешавад, ки барои дарк кардан омода аст, на барои танҳо тамошо кардани ҳозира.


(Муҳарам Комилова – рӯзноманигори мустақил)

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол

Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол

Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.

Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008

Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя" - октябр 2008

Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика