|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
«Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008
Рассоми санъати воқеӣ – ин, пеш аз ҳама озмӯишкор, дар қиёфаҳои санъати рассомӣ як навъи ақидаи муҳимро тасвир мекунад.
Намоишгоҳи «Нусхаи ҳақиқӣ» - ин як навъ саъю кӯшиш аз тарафи рассомон, барои дигар хел ба санъати аврупоӣ нигоҳ кардан мебошад. Имконияти тарақӣ додани таҳаммулии дарк намоӣ ва васеъ кардани фаҳмиши дигар фарҳанг мебошад. Ба назари дарунӣ наздик кардани ончиз, ки пеш дар чорчӯбаи маънидодҳои классикӣ, бо тарзи стандартӣ кабул мешуд.
Лоиҳаҳои рассомон, асарҳои санъати аврупоиро таъғир медиҳанд, аниқтараш онро ба самти муосир воқеӣ мекунанд. «Шоҳасар» - ҳамавақт дар бораи «муҳимият», ва «муҳимият» бошад маҳдудияти замонӣ надорад ва ҳамавақт воқеӣ мемонад, гарчӣ метавонад бо дигар «намуд» ифода шавад. Ва онгоҳ эҷодиёти санъатӣ чун матн тасвир меёбад, ки дар он маъно ҳамчун рамз ифода мешавад. Лекин дар инҷо нигоҳ доштани принтсипи таҳаммулӣ нисбати ғояи муаллиф хеле зарур мебошад. Фаҳмидани ҷиҳати нави шоҳасар – ин инкор намудани он қабати маъноӣ нест, ки аз аввал ниҳода шуда буд, балки бо он нуқтаҳои рамздор равшан ва бозӣ намудан мебошад, ки барои муосирот воқеӣ ҳастанд. Ва аҷиб аст, ки ин воқеӣ кунонӣ моро ба фаҳмидани санъати аврупоӣ наздик месозад, аввал бошад аз мо чун тасмаи осорхонавӣ ҷудо мекард.
Рассомоне, ки ба намоишгоҳ чалб карда шудаанд «Нусхаи ҳақиқӣ» роҳҳои гуногуни ифодасозии шоҳасарро интихоб намуданд. Мисол, иҷро намудани асари Пит Мондриан, на дар услуби рассомӣ, балки дар услуби миллии «қуроқ». Дар мувофиқати визуалии неопластитсизми аврупоӣ ва маснуоти қуроқии шарқӣ, як асроре ҳаст. Ё он ки ранги сурхи танаи дарахтон дар кори Феликс Валлотон, ҳаваси ёфтани сарчашмаи ин ранги драмавиро (фоҷиавӣ) водор мекунад. Ва рассомзан манзараро бо объекте муккамал мекунад, ки он решаҳои дарахтонро тақлид мекунад. Ин объект ҳам бо ранги сурх тасвир шудааст. Дар ин гуна ифодасозӣ як намуд бархӯрдӣ ва фазои кушод барои шарҳ додани маъниҳои гуногун пайдо мешавад. Боз як роҳи дигар – ин нусхаибардорӣ кардани асари аврупоӣ неву, балки истифода кардани услуби эҷодӣ пайдо намудаи рассоми маъруф мебошад. Мисол, рассоми фаронсавӣ Софи Кале дар сурат-лоиҳаи худ – «Нобиноён», орзую ҳаваси одамони нобино таваллуд шударо тадқиқот мебарад. Мисол, ҳамин тадқиқотро дар дигар ҷиҳат такрор кардан мумкин: дарк карда фаҳмидан ва ба амал овардани оpзуи одаме, ки ношунаво дар ин ҷаҳон таваллуд ёфтааст.
Дар асл, ба туфайли технологияҳои нав, телевизион ва воситаҳои васлӣ, сарҳадҳо байни одамон чунон шиффоф ва нуфуспазир шудаанд, ки имрӯз гуфтан мункин аст, ки намунаҳои фарҳaнги аврупоӣ баръало дар байни мо вуҷуд доранд. Мо онҳоро дар ҳама ҷойҳои ҳаррӯзаамон вомехӯрем, дар намоишгоҳ бошад онҳоро объектҳои гуногун таҷассум мекунанд, ки онҳо моро ба асарҳои маъруф нигарон мекунонанд. Дар ҳаво қариб ки ноайёнона фариштаҳо аз расмҳои рассомони давраи Эҳё, ва ошиқони Марк Шагал бошанд дар болои кӯҳҳои Помир парвоз мекунанд. Ва бо онҳо рассомони намоишгоҳи «Нусхаи ҳақиқӣ» якҷоя мебошанд.
Дана Сафарова
куратори лоиҳа,санъатшинос
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол
Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008
Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол
Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.
Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008
Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя"
- октябр 2008
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|