en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Санъати тасвирӣ / Намоишгоҳи 2008
Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя"
- октябр 2008


Ғайрат Усмoнов: бо таври оддӣ дар бораи мураккаб



Ӯ аз шавқ ва таҷовуз худдорӣ кард. Вай ҳатто бо ақидаи – санъат на бояд зебо бошад, баҳс карда тавонист. Ғайрат Усмонов рассоми ҷавон ва бешубҳа боистеъдод, ба назари тамошобинон якчандто сурат-лоиҳаҳоро пешкаш кард.

Намоиши «Рӯшнои ва Соя», ки бо роҳбари лоиҳаҳои Маркази Фарҳангии «Бохтар» - Ҷамшед Холиқов ташкил карда шуда буд, барои ҳар як тамошобин имконият медиҳад, ки ин лоиҳаро бо чашмони муаллиф ва бо ҷаҳонбинии худашон нигоҳ кунад. Номаш дар асл ҳама чизро муайян намуда дар баробари худ ба ҳеч чиз муайноти аниқро намедиҳад, тамошобинро аз вектори интизорҳо маҳрум мекунад. Муаллиф асарҳои худро номгузорӣ намекунад ва ин бешак ҷузъи асосии ҳамин лоиҳа буда «тарафи ноайёни» ҷараёнҳои глобалиро нишон медиҳад, ки ҳамаи ҷомеаро дар бар гирифта онро пора карда тақсим мекунад, ва одамонро ба винтчаҳои механизми калон мубаддал мекунад ва таъиноти ҳар касро аз рӯи лозимияташ муқаррар мекунад.

Лоиҳаи номгузор нашуда, мисли чиптае аз Люис Кэрролл мебошад – ҳама чиз дар назар мисли ҳамоно менамояд, вале дар ҳамон замон он дигар аст, инро фаҳмида ба худ савол медиҳи, ки: «Ман дар ин олами паси оинагӣ, кӣ ҳастaм?». Масъала доир ба худшиносии шахс дар сотсиуми муосир, имрӯз бо ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дарк нашудааст. Бисёр вақт, мо онҳоеро, ки мехоҳанд дар ҷомеаи тоза дар шакли анъанвӣ буда зиндаги кунанд, ки дар асл ҳозир нест шудааст аз ёд мебарорем. Рамзи ҷомеаи муосири анъанавӣ, дар лоиҳаи номгузор нашудаи Ғайрат - зан мебошад: духтарчаи каме чиркин шуда, зане бо фаранҷӣ, ки буҷулаки пояш бараҳна аст, ва дар байни онҳо – сабади холи, ҳамчун бахти дуздидашудаи ҳардуи онҳо, куҷо танҳо шаклаш маънӣ дорад, аммо дарунаш будагӣ метавонад холӣ бошад. Дар ин асaрҳои эҷод карда, мо танҳоӣ ва қашшоқиро мебинем, ки онро бо вакуум қиёс кардан мункин аст. Ин танҳоиву қашоқӣ дар ҳамаҷо, ҳам дар ваҳми кӯчаҳои холӣ, дар бисёрии барг-ҳои танҳо буда – дар ягона будани мувофиқат, ки ҳамчун якхела мебошад, аммо дар ҳамон замон дар ҳақиқат гуногун аст. Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки ҳамаи объектҳое, ки бо муллиф акс гирифта шудаанд, дар назари аввал бисёр шинос ҳастанд, вале, агар хубтар нигоҳ кунем дарк мекуни, ки ту наметавонӣ ба он чизҳое, ки мебинӣ муайяноти аниқро диҳӣ – мисли кӯчаи қишлоқ, вале мавҷуд набудани одамон ва уммуман ҳаёт касро ба андеша меорад, ки ин ҷои беодам, мазори орзуҳои касе мебошад; лӯндаҳои гӯштро агар ҷиддитар нигоҳ кунем, бештар устахон-ҳоро ба ёд меоранд, ки дар он қариб - гӯшт мавҷуд нест; баргҳо бошад... боз камтар ва аз онҳо танҳо дуди талх мемонад ё тори тортанак, каме ноҳамворие, ки тайёр ҳаст дар таги пошнаҳои пойафзол пачақ шавад.


Муаллиф ба мо фикри худашро пешниҳод мекунад, ҳамчун санги қиматбаҳо, қирраҳои онро нишон ме-диҳад – якқатор корҳои эксперименталӣ. Ғайрат Усмонов асосан воситаҳои классикиро истифода мекунад – ӯ танҳо дар плёнка сурат мегирад, филтрҳоро истифода мекунад. Лоиҳаи «Доғғҳои рангин» мавзӯъи иҷтимоии лоиҳаи гузаштаро давом медиҳад. Зоҳиран гӯё осон бошад – саҳнаҳо аз зиндагӣ – зиддияти беранг ва рангин, ҳиссаи майдаи ҳаёт дар ҳаррӯзагӣ, ки аз пеши назар бо ҷадвали нависташуда, ки онро диданд ва шинохтанд.

Кори эксперименталии «Манора»-ҳам хеле ҷолиб буд. Нақши муқарнаси зебои сангин, ва ба ҷои шифт бошад гунбази осмонранг. Ва танҳо номаш дар ёд меорад, ки ин манора мебошад, на зиндон. Бо истифодаи ҳамон услуб-ҳои диптих «Калейдоскоп» иҷро шудаанд. Асоси ҳар ду кор дарахт мебошад, ҳамчун давр такрор шаванда - элементи сурх ва сиёҳ мебошад. Зебо, вале чизе дар инҷо наонқадар хуб мебошад. Ҳа, эксперимент. Ҳа, дарахт... аммо барои чӣ сиёҳ бо сурх?

Лоиҳаҳои пешкаш намуда ба дараҷаи баланд шоирона, болатофат мебошанд. Ва маҳз сабаби бешиддат буданаш, ки чунон ба ҳамаи ҷамъият хос аст, ба дили тамошобинон хуш меояд. Муаллиф гуё моро аз хоби гарон бедор мекунад ва маҷбур мекунад, ки дар ёд онро биёрем, ки зиндагӣ гузашта рафта истодааст ва дере нагузашта он ба охир мерасад. Ин ҳақиқат, ки аз рӯзҳои аввали ҳар як кас аниқ ҳаст, маҷбур мекунад, ки шахс огоҳ бошад, ҳатто метавонад кори мушкилро ба сар гирифта, ба он чиз ном гузорад, ки онро пеш фикр накарда ном мегирифт.


(Абдурауфова Гамила)

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол

Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008

Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол

Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.

Намоишгоҳ: Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ - сентябр 2008

Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика