|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ
- сентябр 2008

Лоиҳаи «Санъати актуалӣ дар фазои осорхонавӣ» - ин якумин саъйю кӯшиш дар Осиёи Миёна аст, ки барои наздик намудани эҷодиёти расcомони бо эътироф ба фазои осорхонавӣ, ки бо анъанавӣ ва академӣ буданаш, чӣ тавре маъруф аст, фарқ мекунад. Дар солҳои 2007 – 2008, дар Oсорхонаи миллии ҶТ ба номи К. Беҳзод бо дастгирии Ташкилоти ғайридавлатии «Рестовраторы Без Границ – РТ», ва баъдан инчунин бо МФ «Бохтар», лоиҳаи «Мероси то давраи Исломӣ дар маданияти Тоҷикистон» гузаронида шуда буд. Дар доираи ин лоиҳа, як чизи хеле нодир таъмир шуда буд, ки он – меҳроби чӯбини кандакорӣ кардашуда мебошад, ки бо рамзҳои то давраи Исломӣ ороиш дода шуда буд. Низ хамин меҳроб – «Меҳроби Искандар» сабаби давом додани лоиҳа бо иштироки расcомони муосир, ки дар ҳар гуна намуди воситаҳои ифодасозӣ – рассомӣ, хайкалтарошӣ, фото, видео ва инсталляция фаъолит мекунанд.
Фаҳмиши мероси таърихиву мадании то давраи Исломии тоҷикон, дар асоси ақидаи миллии муттаҳид созандаи Тоҷикистони ҳозира гузошта шудааст. Пайравӣ кардан ба ҳамин ақида, ба бисёри рассомон иллҳоми тоза бахшид, ки дар ҳама гуна услубҳо ва тарзҳо, бахшида ба гузаштаи ориёии тоҷикон, эҷод кунанд. Барои чӣ, савол меояд, боз як лоиҳаи дигар дар ин мавзӯъ лозим? Чӣ чизи нав, шавқовар, аҷиб, рассоми санъати муосир дар бораи ин чиз гуфта метавонад ва барои чӣ уммуман рассоми-априори муосир ҷамъбастшуда аз пайравӣ ба догматҳои идеологӣ, бояд ба ин мавзӯъ нигоҳ кунад.
Дар ин лоиҳa, мо мақсади муҳимияти давлатро ё идеологиро нишон додани нестем, аниқтараш ҳаётиву арзиширо дар назар дорем, ва барои ҳамин, агар рассом вокеӣ бошад ва санъати худро хеле муҳим шуморад, онгоҳ, мавзӯъи мероси то давраи Исломӣ ва таъсири он ба зиндагии ҳаррӯзаи мо, бояд ӯро ҳавасманд кунад. Зеро, ки мероси то давраи Исломии мо дар зиндагии ҳаррӯза инъикоси худро мегирад – дар анъанаҳои мо, зиддияту созишкуниҳо дар дохили ҷомеа – дар аввал, кӣ мо ҳастем; дар муносибати мо бо ҳамсояҳо дар минтақа; дар орзуи ба ҷаҳон аз назари гузашта нигоҳ кардан, на аз назари оянда ё ақаллан аз ҳозира.
Дар бораи фазои навигарӣ, шавковар ва ачиб дар доираи лоиҳаи мо бошад, метавонад ин дар ҷараёни идеалоги нигаронида шуда, мавҷуд бошад? Мункин ки ҳа, агар рассом дар худ қувват ёбад, ки аз чаҳор чӯбаи гимнҳои таърифӣ ва гипертрoфӣ ифода кардани «гузаштаи бузурги» худ ва мероси гузаштагони худ берун барояд ва тавонад нигоҳашро ба гузашта не, балки ба оянда нигаронад. Агар дар худ хоҳиши «акс бардоштани» ягон шоҳасарро ё сохтани боз ягон нигораи нигористонро, хомӯш кунад. Агар тавонад аз хоҳиши оддӣ, аз пушти равияҳои бомуваффақият равона шудан ва ба талаботи харидорон мутобиқ шудан, даст кашад.
Мақсади асосии мо, дар фазои осорхона (нигаристон) шуда, ки онҷо маҳзани гузашта аст, ва дар он муомилаи ҳозира ба вай инъикос меёбад, ба оянда назар афганем.
Беҳамтoии лоиҳа на танҳо дар он мебошад, ки дасткардаҳои рассомон, медиа ҳунармандони муосир – фото, видео ва графикаи компютери, ба нигор дар экспозиcияи доимии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи К. Беҳзод, гузошта мешавад, куҷо коллекcияаш бештар аз чил ҳазор осори на танҳо рассомони тоҷикро, вале рассомону графикҳои асрҳои ҷVIII-ҷIҷ Аврупои ғарбӣ ва русро дар бар мегирад, балки боз дар он мебошад, ки худи осорхона ва коллекcияи он, яке аз воситаҳои иллҳом бахшанда, барои эҷод кардани корҳои нав, бахшида ба мавзӯъи мероси давраи то Исломӣ ва пеш аз хама рамзҳои он дар тамадуни Тоҷикистон. Ҳамин тавр, ба муддате, толорҳои осорхона ба лабараторияи санъати вокеъӣ – ҷое, куҷо рассомон ҷаъм мешуданду корҳои ояндаашонро мубоҳиса мекарданд, бо коргарони музей муошират мекарданд, баҳри беҳтар фаҳмидани далели таърихӣ.
Натиҷаи кор, ки як моҳ зиёд давом карда буд, ин, лоиҳаи намоишгоҳӣ (нигористонӣ) бо номи «Мероси то давраи Исломии Тоҷикистон. Шарҳи ғайри осорхонавӣ». Дар коркарди лоиҳа ҳам рассомони ҷавон, ва ҳам рассомони маъруф иштирок карда буданд. Аз аввал, ташкилкунандагони лоиҳа – бевосита Осорхонаи миллӣ ба номи К.Беҳзод ва Маркази Фархангии «Бохтар», ба рассомон маҳдудият дар воситаҳои ифодасозӣ, намегузоштан. Аммо, бисёртарини аз воситаҳои медиа, ки рассомон истифода менамуданд, ин чизҳои технологии муосир, аз ҷумла фото ва видео буданд. Гуфтан шарт аст, ки дар қатори дасткардаҳои якумин бор намоиш дода мешудагӣ, инчунин дасткардаҳое, ки аллакай эътироф карда шуданд. Маҳз – фото-серияи Чамшед Холиков «Нишонаҳои Зардушт», ки бо у дар доираи лоиҳаи STAқTӯқ дар 2006 сол намоиш дода шуда буд, ва боз Алексей Румянцев «Кара-боло», ки дар павилиони осиёи-марказии бенналеи Венеcия соли 2007 намоиш дода шуда буд.
Дар кори лоиҳа инчунин рассомон Сулаймон ва Озар Шарифӣ иштирок карда, осори видеоии «Рамзҳо» ва фото-серияи «Дигаргуниро» пешниҳод карданд. Ҳар ду ин осор – мушоҳидаи рассомон дар бораи муҳити шаҳр, дар ҷойҳои гуногуни он – палконаҳои қудуқҳои канализаcиони, панҷараҳои ороиши, рӯ намоҳои иморатҳо, онҳо нишонаҳо ва аломатҳоеро мушоҳидат мекунанд, ки аз аввал бояд бо зуҳуротҳои давраи советӣ ассоcиаcия мешуданд, вале имрӯз, бо гузашти аём, намуди аввалинаи худро гум крада, ин, гуё аломатҳои якмаънӣ, хониш ва фаҳмиши наву-куҳнаро пайдо кардаанд.
Рассом Инна Кладо, ҷиддиян ба худ равияи экологиро дар санъат интихоб намуда, кори «Ҳалқабандии дарахтонро» - давом медиҳад, ки худ як чорабиниест дар намоишгоҳ, ки дар намуди фото-серия пешниҳод шудааст, ва ба ҷалб намудани таваҷҷуҳ ба беназоратӣ дар проблемаи бурида партофтани дарахтон дар давлати мо, ва ҳам дигар давлатҳои ҷаҳон, ҳидоят мекунад. Бештар, ин проблема дар Тоҷикистон бо сар шавии хунукихо, воқеӣ мегардад. Рассом бо як дилсӯзии занона танаи дарахтонро бо гили нарм ҳалқа мегирад, ва баъд – тӯморҳои ҳар хел миллатҳо ва давраҳо барин нишонаҳо ва аломатхоро ба он мемонад. Дар ин даъфа ба «ҳалкабанди» дарахтони дар базаи фароғатии Коллеҷи рассомии ба номи Олимов «Аржанг» дар дарраи Варзоб, дучор шуданд.
Фаррух Неъматзода – яке аз маъруфтаринҳои бозори арти тоҷик буда, охирон вактҳо ба асарҳои андозаашон хурд афзалияти худро дода истодааст, вале бо катони бузург андозаи худ, бо номи «Асл», касро ба ҳайҷон овард. В агар андозаи ду ба чор дар дасти ин рассом каме аҷиб бошад, вале мавзӯъи нақл намудаи ӯ, чун хар даъфа мазмуни чуқури фалсафавӣ дорад. Рассом, бо ҷаъм намудани ҳар гуна рамзҳо ва шаклҳои геометрӣ – свастикаи эрониқадим, ситораи Довуд (яҳудиён), доира давраҳо, чоркунчаҳо, бисёркунчаҳо, дар катони худ, дар бораи асосҳои ҳаёти дунёӣ – аввалияҳои мардонаву занона, шаб ва субҳ, дигаршавии фаслҳои сол, чор тарафи оламро андеша рони мекунад.
Ҷамшед Холиқов, ба ғайр аз фото-серияи дар боло зикр карда шудаи – «Рамзҳои Зардушт», дар намоишгоҳ асари нави видеоии худро, ки «Нафас» (Дыхание) ном дорад, пешкаш кард. Дар ин кори худ, ӯ яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти худро («Биҳишт», «Фалак») – мавзӯъи пур аз ғаму машақат будани тақдири зани шарқиро, ривоҷ медиҳад. Дар ин даъфа рассом, ҳамчун маҷози асосӣ рақсро интихоб намудааст. Дар навор – зане бо либоси расмӣ (анъанавӣ) дар савти мусиқии хушнавои шарқи, бо ду дасти баста шуда рақс мекунад, бо хоҳони он ки эҳсосиёти худро берун барорад ва ба ҳаракати худ озодият бахшад. Рақси тоҷикӣ таърихи кӯҳан дорад ва сарчашмаҳои худро аз қадимтарин оинҳои муқаддаси ибодатӣ ба қувваҳои табиат, худоҳои қадими ориёи мегирад. Ин гунна рақс дар худ як маънои чуқури озодӣ ва аз муҳити ҳақиқӣ дур шуданро дошт. Рақсҳои ҳозира гарчанде, ки маънии муқаддасотиро дар бар нагиранд ҳам, вале барои бисёри занҳо рақс – ин ягона имконияти худро озод аз мушкилиҳои зиндагӣ ва аз зулми урфу одати кӯҳан, ҳис кардан аст.
Георгий Мамедов
Директори Барномаҳои МФ «Бохтар», Куратори лоиҳа
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Намоишгоҳ: «Дар ҷустуҷӯи фазо» - Феврал 2008 сол
Намоишгоҳ: «Санъати занона» - Март 2008
Намоишгоҳ: «Тезисҳои моҳи апрел» - апрел 2008 сол
Намоишгоҳ: «Соя» - кори муштараки Марта Ҷексон Ҷарвис ва рассомону донишҷӯёни санъати рассомии тоҷик – июни соли 2008.
Намоиши суратҳои Ғайрат Усмонов. "Рушнои ва Соя"
- октябр 2008
Намоишгоҳ: «Нусхаи ҳақиқӣ»: рассом дар парвоз - ноябр 2008 |
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|