|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Fête de la Musique
Дар давоми 2 соли охир, Маркази Фарҳангии «Бохтар» бо дастгирии сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бо муваффақият ин идро ҷашн мегирифт. Ва ҳар сол ғурур ва тантанаи лоиҳа вусъат меёбад. Дар соли 2006 фестивали дар Маркази Фарҳангии «Бохтар» гузаронида, зиёда аз чил иштирокчиро – мусиқинавозонро ҷамъ кард: кор донҳоро ва ҳаваскоронро, гурӯҳҳои нав ва аллакай машҳуршударо. Дар он рӯзҳо ҳозирон имконияти аз шунидани сабкҳои гуногуни мусиқӣ лаззат баранд – аз мусиқии анъанавии тоҷикӣ сар карда то рок ва ню-металл. Дар соли 2007, фестивали мусиқӣ бо муваффақияти калон дар боғи марказӣ гузашт (пештара боғи Ленин, ҳозир бошад Рӯдакӣ). Фестивал дар ду саҳна гузашт – яке калон, ки дар он системаи садо барории пур қувват барои рок, рэп, рақсҳо ҳаст ва дигаре хурдтар, барои гузаронидани чорабинии ҷамъбастӣ бо гурӯҳи мусиқии Big Hilly Billy Blue Gras аз ШМА, ки баъдан бо мусиқичиёни маҳаллӣ ҷем сессия гузарониданд. Солҳои пешин Fête de la musique ба навозандагони навкор имконият медод, ки истеъдоди худро ба тамошобинони маҳаллӣ ва хориҷӣ васеъ пешкаш кунанд. Дар вақте ки барои навозандагони машҳур ин боз як имконияти вохӯрдан бо мухлисони худ мебошад.
“Fête de la musique” дар Душанбе бори сеюм гузаронида мешавад ва ин рӯйдод анъана шуда монд. Дар ин сол, майдони гузарониши фестивал Маркази Фарҳангии “Бохтар” ва осорхонаи асбобҳои мусиқӣ, ба номи Гурминҷ Завқибеков мешавад. Ба мероси мусиқии асосгузори худ - Гурминҷ Завқибеков, ки оҳангсози машҳур ва арбоби санъат буд, назар карда, осорхона якчанд бор меҳмононро қабул карда буд ва ба ҳамаи нишастагиҳо имконият дод, ки аз равияҳои гуногуни мусиқӣ дар муҳити орому роҳатбахшанда ҳаловат баранд.
Дар навбати худ, МФ “Бохтар” якқатор консертҳоро мусиқии классикиро гузаронида буд, ки ҳар рӯзи шанбеи якум ва охирони ҳар моҳ гузаронида мешуд. Дар ояндаи наздик Маркази Фарҳангии “Бохтар” фестивали мактабҳои мусиқиро гузаронидан дар нақша дорад, ки ба рӯзҳои ҷашнгирии “Fête de la musique” баробар карда мешавад. Дар ин фестивал, кудакон аз ҳашт мактаби мусиқӣ истеъдодҳои мусиқии худро муаррифӣ мекунанд ва ҳамаи ҳавасдорон метавонанд бо ин рӯйдод дар давоми чор ҷумъа дар моҳи июн лаззат бубаранд. Оғози ҳамаи консертҳо соати 18:00.
Ба ғайр аз он ки навозандагон имконият пайдо мекунанд асарҳои мусиқии худро пешкаш созанд, онҳо инчунин метавонанд бо таҷрибаи худ дар ҷарайни мастер-классҳо мубодила кунанд.
Имсол, дар фестивал меҳмонони хорҷӣ иштирок мекунанд. Ва якумин меҳмон – гурӯҳи мусиқии британиягӣ «Maroon Town» мешавад (дар сабки рэгги менавозад), ки мусиқиаш омехтаи мусиқии рақсӣ бо элементҳои равшани ска, рэп, ҷаз, соула ва фанк мебошад. Бештари сурудҳои онҳо хеле аҷоиб мебошанд, лирикаи онҳо дар сабки рэп бошад, таъсири хеле мусбӣ дорад, он ба таҷовуз даъват намекунад ва хеле таъсири рӯҳбаландона мерасонад. Дар рӯзҳои кушодашавии фестивал «Maroon Town» ҷем сессия бо гурӯҳи «Мизроб» мегузаронад, ки онҳоро ба қарибӣ дар театри ба номи «Майковский» хеле гарм пазирои карданд ва инчунин бо триои швейсариягии Zoom консерти фаромӯш нашаванда гузарониданд. Меҳмони навбатии МФ “Бохтар” гурӯҳе аз ШМА “Musica Poetica” мешавад, ки дар навбати худ як чизеро, мисли консорсиуми навозандагонро муаррифӣ мекунад, ки дар мусиқии қадима ва муосир тахассус гирифтаанд, бо истифода бурдани мувофиқатҳои (комбинатсияҳои) асбобии нодир ва дар баъзан ҳолатҳо беҳамто. Фестивал инчунин ба ҳамаи тамошобинон яке аз машҳуртарин этномусиқачиёни Осиёи Марказӣ ва Эрон - Ҷон Дюрингро пешкаш намудан шод аст, ки ӯ барномаи худашро якҷоя бо навозандагони тоҷик иҷро мекунад.
Аз сабаби он ки “Fête de la musique” дар фаронса пайдо шудааст, мо қарор гирифтем, ки яке аз консертҳо пурра ба мусиқӣ ва сурудҳои фаронсавӣ бахшида мешавад. Онҳоро ансамбли Донишгоҳи славянии Росияву-Тоҷикистон – “Славяне” иҷро мекунад, инчунин пианисти фаронсавӣ Жерар Дешаез якҷоя бо ду навозандаи маҳаллӣ.
Фестивал чунин услуби ифодасозии санъатиро, мисли рақс норасида намегузарад ва дар яке аз рӯзҳои фестивал шаби рақс баргузор мешавад, ки дар он рақосони сабкҳои гуногун маҳорати худро нишон медиҳанд.
Рӯзи хотимавии фестивал тамошобинон метавонанд боз як бори дигар бо консерти мусиқии ҳиндӣ, дар иҷроиши гурӯҳи “Навои Дарвоз”, бо сардори он Давлат Назри ва бо ҷем сессияи минбаъда, ҳаловат баранд.
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Шок - н - Рол
Ба шумо “ҷаз” намерасид? |
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|