en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Мусиқӣ

Лоиҳаи 'Gurminj Live'

Осорхонаи Гурминҷ, ин осорхонаи хурди шахсӣ, нигини зиндагии фарҳангии тоҷикӣ мебошад. Дар инҷо на танҳо коллексияи бои асбобҳои мусиқӣ пешкаш карда шудааст. Осорхона инчунин консертҳои тобистона, барномаҳои таълимӣ барои хонандагони мактабҳои миёна, пешниҳод мекунад ва умуман ҷоест, куҷо ҳамаи онҳое ки бо асбобҳои мусиқӣ бозидан дӯст медоранд ё ба мусиқӣ завқ доранд, метавонанд биёянд.

Осорхонаи асбобҳои мусиқӣ, ки бештар ҳамчун Осорхонаи Гурминҷ маъруф аст, соли 1990 бо Гурминҷ Завқибеков (1929-2003), артисти халқии Тоҷикистон, лауреати мукофоти Давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, бунёд гардидааст. Коллексияи осорхона қариб 80 адад асбобҳои мусиқиро дар бар мегирад. Дар давоми 10 соли охир, якчанд ташкилотҳои байналхалқӣ ба осорхона ёрӣ мерасониданд. Дар байни онҳо НПО (ТҒД) «Рестовраторы без границ», ки соли 2006 аз Бунёди Кристенсен грант гирифта, бо ҳамкории Лу Эдмондс, барои оғози лоиҳа, бо номи “Тусовки”, ташаббус гузошт. Дар доираи лоиҳа чорабиниҳо гузаронида шуда буданд, ки барои рушди умумии осорхона ва такмилдиҳии идоракунии он равона карда шуда буд ва инчунин, корҳо ба анҷом расонида шуда буд, барои сохтмони майдончаи эҷодӣ барои навозандагон.

Тобистони солҳои 2006-2007, дар осорхона бо муваффақияти калон якқатор консертҳо гузаронида шуда буд. Ташкилотчиён заҳмати калон ба харҷ бурданд, баҳри он ки ҷое пайдо шавад, ки дар онҷо наозандагон метавонистанд эҷодиёти худро ифода кунанд, инчунин ҷое пайдо шавад, ки дар онҷо бо муваффақияти баробар мусиқии халқиро, рок, мусиқии ҷаҳониро иҷро кунанд ва ба ғайр аз ин, ба навозандаҳо имконият диҳанд, ки асарҳои мусиқии эҷодкардаии худро навозанд.

Соли 2008-ум, МФ “Бохтар” масъулгар доир ба гузаронидани чунин чорабиниҳо дар осорхона шуд.

Ба ғайр аз меҳмонони дар консерт иштирок менамуда, осорхона талабагони 20 синф аз мактабҳои миёнаи шаҳр қабул кард, ки ба онҳо имконият пайдо шуд дар барномаҳои таълимӣ иштирок варзанд. Дар навбати худ, барномаҳо бо дастгирии мусиқинавозони маҳаллӣ ташкил шуда буданд, ки мақсадашон нақл кардани анъанаҳои мусиқии Тоҷикистон ва дар бораи асбобҳои мусиқии маҳаллӣ буд. Имсол гузаронидани барномаҳои таълимӣ давом дода мешаванд ва бачаҳо метавонанд бо таърих, санъат ва фарҳанг, ба воситаи дақиқтар омӯхтани асбобҳои мусиқӣ, наздиктар шинос шаванд.
Инчунин, гуфтан зарур аст, ки чанде пеш низоми намоишӣ дигар карда шуд. Бисёри нигораҳои осорхона аз нав ташкил карда шуда буданд ва ба онҳо матнҳои тавсифӣ илова карда шуданд.

Осорхона Гурминҷ - ин ҷоест, куҷо навозандагон метавонанд озодона ҷамъ шаванд, мусиқии худро репетисия карда, сабт кунанд. Ба осорхона навозандагони хориҷӣ ҳам хеле бисёр меоянд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ба мероси гозштаи Гурминҷ Завқибеков эҳтироми худро гузоранд ва инчунин бо писараш Иқбол Завқибеков мусиқиро иҷро намоянд, ки ӯ на танҳо чун сарвари бадеии гурӯҳи «Шамс» мебошад, балки ҳам директори осорхонаи падараш мебошад.

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Истинодҳо ба консертҳои пешина

МИЗРОБ

САМО

Давлат Назри

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика