|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Ярмаркаҳои ҳунармандӣ
Санъати анъанавӣ ва ҳунармандӣ барои рушди иқтисод ва фарҳанги Осиёи Марказӣ нақши калон мебозад. Ярмаркаи ҳунармандон дар Осиёи Марказӣ доимо ташкил ва гузаронида мешаванд. Ҳамин тавр, ярмаркаҳои ҳунармандии ҳар нимсол ташкил мешуда, барои ҳунармандони Қазоқистон анъанавӣ шуда монданд, фестивали ҳарсолаи Шелк и Пряности (Абрешим ва Дорувор) бошад, ки дар Бухоро - Ӯзбекистон мегузарад, барои бозорҳои минтақавӣ ҷалбнамудани харидорони хориҷиро, имконият дод. Ба ҳар ҳол, қисми калони ташаббус (лоиҳа) бояд ба рушди минбаъдаи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон равона карда шавад ва ҷалб намудани ҳунармандони Тоҷикистон дар ин шабакаи минтақавӣ.
Бо мақсади зиёд намудани ҳунармандони тоҷик ва сохтани робитаҳои митақавии Маркази Фарҳангии «Бохтар» бо ТҒД «Центрально азиатская ассоциация поддержки ремесел (CACSA)», бо Бунёди Авруосиё, бо Бунёди Байналхалқии «Ҳафт Пайкар», Марказ доимо ярмаркаҳои ҳунармандиро мегузаронад, ки зиёда аз 50 ҳунармандонро аз Осиёи Марказӣ дар бар мегирад.
Дар соли 2008 ярмарка аз чорчӯбаи намоишгоҳи оддии маҳсулоти ҳунармандӣ баромад ва бештар ба масъалаи рушди ҳамкории минтақавии ҳунармандон ва ташкил намудани имконияти маркетингии ҳунармандони тоҷик, рӯ овард.
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Ҳамкорӣ бо Осорхонаи миллии қадим
Лоиҳа доир ба офаридани каталоги электронии осорхонаҳои Тоҷикистон
Ҳамкорӣ бо осорхонаи миллии ба номи К. Беҳзод
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|