|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Ба шумо “ҷаз” намерасид?
Дуюми май дар театри ба номи В. Маяковский консерти ҷаз мусиқии гурӯҳи “ZOOM” аз Швесария ва гурӯҳи тоҷикии “Мизроб” баргузор мегардад.
- Чӣ тавр дар ингуна рӯйдод иштирок накарда мешуд? Охир дар кишвари мо чунин консертҳо хеле кам гузаронида мешаванд-ку!
- Чӣ, чиптаҳо аллакай тамом шуданд? Кай ҳамаашро фурӯхтет?
- Намешавад, ки консертро ақалан рост истода дар назди дарҳо гӯш кунем?
- Раҳмат ба ташкил кунандаҳои ин консерт! Ба фикрам, Маркази Фарҳангии «Бохтар» ин навозандаҳоро даъват кард?
- Не, ман ҷавоб медиҳам ба илтимоскунандаи навбатии барои чиптаи иловагӣ ба консерти ҷаз мусиқии ZOOM ва “Мизроб”, ки бояд баъд аз якчанд дақиқа дар толори театри русии драмавии ба номи В. Маяковский оғоз шавад.
Ин Раёсати Швесария доир ба Ҳамкорӣ мусиқинавозони Швесариягиро ва гурӯҳи тоҷикии “Мизроб”-ро даъват кардааст ва консерт ба даҳ солагии ҳамкории Раёсати Швейсария бо Тоҷикистон бахшида шудааст. Маркази мо бошад ҳамчун ташкилотчӣ мебарояд. Ҳар дуи ин гурӯҳҳо дар фестивали байналхалқии «Джаз-Бишкек-Весна”, 25-27 апрел иштирок карда буданд, да онҷо мусиқинавозони намоёни Россия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Фаронса, Олмон, Швейсария, Маҷористон, Қирғизистон баромад мекарданд.
Ба шодии дӯстдорони ҷаз мусиқии Тоҷикистон, ки онҳо аз он, ки мо гумон мекардем, бештар будаанд, Раёсати Швейсария доир ба Ҳамкорӣ ва Рушд бо сардории ҷаноби Рудолф Шохом, ҳақатан ба Тоҷикистон ҷаз триои Швейсариягию-Олмонӣ - Zoom-ро, ки на танҳо дар Швемария хеле машҳур ва маъруф мебошанд, балки берун аз он ҳам, овардааст. Ҳайати гурӯҳ инҳо мебошанд: Пилс Вограм (тромбон), Филипп Шауфелбсргер (гитара), Лукас Ниггли (асбобҳои зарбавӣ). Сарвари гурӯҳ Лукас Пиггли мебошад. Бо шарофати ӯ гурӯҳ тавонист роҳи худро дар гуногунии равияҳои мусиқӣ ёбад ва алалхусус дар ҷази муосир.
Аз ҳама асосӣ дар мусиқии Лукас Ниггли – сабукӣ мебошад. Ба туфайли ҳамҷоягии ду асбоби тенорӣ (тромбон ва гитара) бо асбоҳои зарбӣ, ва бо шарофати навохтани мусиқинавозони барҷаста: Шауфелбергср (оҳангдори нафосатдӯсти бузург) ва Вограм (тромбонисти баркамол), ҳатто пассажҳои мураккаб хеле сабук садо медиҳанд.
Бо сабаби он ки гурӯҳи ZOOM равияи ғайри анъанавии ҷазро мебозад ва равияи муосири он бошад, ки маҳз дар он навозандаҳо ҳамаи намуди мусиқии ба онҳо шиносро омехта мекунанд, ингуна мусиқиро барои шунавандагони тайёр нобуда дарк кардан хеле мушкил аст. Рости гап мо каме мушавваш шуда, бо дили пурдиққат аксуламали толорро интизор шуда будем ва бо диққат ба рӯи тамошобинон нигоҳ мекардем. Бӯрони қарсакзаниҳо ошубии моро ором кард, толор бо эътибори баланд навозандаҳоро пазируфт. Ва шояд дар ҳақиқат, аудиторияи тоҷик ба ҷаз мусиқӣ ташна шуда буд…
Аз барои гурӯҳи тоҷикии «Мизроб» мо тамоман ғам намехӯрдем, барои он ки мусиқии он гурӯҳ – ҳамҷояшавии хирадмандӣ, фалсафаи чуқури Шарқ ва озодӣ ва саргармии Ғарбро дар худ инъикос мекунад. Гурӯҳ аз навозандаҳои шинохташуда Дар Тоҷикистон иборат мебошад: сарвари гурӯҳи “Навои Дарвоз”, ки мусиқии анъанавиро менавозад, артисти хизматнишондодаи республика Давлат Назрӣ, Иқбол Завқибеков ва Зариф Пӯлодов – аъзои гурӯҳи машҳури тоҷикӣ - “Шамс”. Илҳоми асосӣ барои навозандагон, мусиқии тоҷикии халқӣ буд ва мемонад. Дар айни замон, мусиқии онҳоро аз рӯи услуби навохтан, рӯҳ ва аз худ эҷодкунии оҳанг, ғайри ҷаз ҳеҷ чиз номида намешавад. Гурӯҳи “Мизроб” аллакай дар бораи комилан ташакул ёбии худ дар фестивали сеюми байналхалқии ҷаз “Ҷаз-Бишкек-Весна” исбот намуд.
Лаҳзаи аҷоиби консерт, ин баромади ҳамҷоя – ҷем сессияи ду гурӯҳ ва намоиши навозандаҳои асбобҳои зарбавии консерт буд, ин мусиқии аҷоиб, ҳаяҷоновар, пур аз энергия, парвози хаёлот ва худкории ҷазменҳои тоҷик ва швейсариягӣ буд. Шодии шунавандагон охир на дошт ва кафкӯбиҳои бӯронӣ дер давом карданд. Мо “Бохтар”-иён бошем, ба чеҳраи хушҳоли шунавандагон нигоҳ карда, ҳам дар бораи ошубии пеш аз консерт кашидаи худ ва ҳам дар бораи шабҳои бехобӣ кашида ва ҳам дар бораи хастагӣ, фаромӯш кардем, барои он ки натиҷаи кори худро дидем!
(Амал Хонум Ҳоҷиева – роҳбари лоиҳаҳои фарҳангӣ
(Азия плюс №21(435) аз 21 маи соли 2008.))
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Fête de la Musique
Шок - н - Рол
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|