|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд.
Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст. Албомҳои рассомии Микеланҷело, Левитан, Врубел, Айвазовский, Феофан Грек, филмҳо дар бораи авангарди русӣ ва авангарди ғарб, дар бораи Сомов, дар бораи давраи Эҳёи итолиёвӣ, ифтихори китобхона мебошанд. Асрҳои бунёдӣ дар бораи таърихи Ҷангҳои дуюми Ҷаҳонӣ ва Бузурги ватанӣ, доим дар таҳи диққати хонандагон мебошад. Ҷамъкардаи адабиёт доир ба таърихи Осиёи Марказӣ хеле аҷоиб мебошад. (Корҳои Ашрафӣ, Майтдинова, Фрай). Китобхона инчунин коллексияи бошукӯҳи атласҳои ҷуғрофӣ ва фотоалбомҳо дорад.
Аз адабиёти бадеӣ, нашри бошукӯҳи асарҳои Толкиен, китобҳои Уелъбек, адабиёти классикии фаронсавӣ ва олмониро дар забони аслӣ, қайд кардан мумкин. Маҷмӯаи китобҳо барои хурдтаракон, асосан феъли маърифатӣ доранд. Фонди китобхона метавонад бо маҷмӯаи луғатҳои худ дар забонҳои гуногун ифтихор кунад. Дар қатори муосиртаринҳояш, инчунин чизҳои дар ҳақиқат нодирро қайд мекунам, ки мансуби охирҳои асри 19 мебошанд. Китобхона доим бо ҷилдҳои нав пур мешавад. Дар вақтҳои наздик мо интизори ба мо расидани асарҳои адабии классикони америкоӣ ва китобҳои доир ба санъати муосир, ҳастем.
Дар толори хонишии боҳаловат, доимо намоишгоҳҳои киттобҳо гузаронида мешаванд. Ана мавзӯъи баъзеи онҳо:
- «Адабиёти нави фаронсавӣ»
- «Адабиёти нави америкоӣ»
- «Санъати тасвирии асри 20»
- «Таърихи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар асарҳои бунёди илмӣ»
- «Масъалаҳои иҷтимоӣ дар адбиёти муосир»
Филмотека бошад бо филмҳои илмии оммавӣ ва намунаҳои беҳтарини синамои ҷаҳонӣ фаровон мебошад (Наворҳои Чаплин, Вендерс, Ҷармуш, Спилберг, Муратова, Соловёв, Лунгин).
Китобхонаи МФ “Бохтар” китобҳо, рӯзномаҳо, DVD ва CD дискҳоро дорад, ки онҳоро ҳам дар китобхона истифода бурдан мумкин ва ҳам ба хона гирифтан.
Ҳозир мавҷуд ҳастанд:
- интихоби васеъи адабиёти аврупои ғарбӣ ва адабиёти шарқӣ - 11 ҳазор ҷилд дар забони аслӣ (тоҷикӣ, руссӣ, англисӣ, фаронсавӣ, испаниягӣ, ӯзбекӣ, олмонӣ, туркӣ, шведӣ ва итолиёвӣ);
- “Гӯшаи воситаҳои ахбори омма” бо рӯзномаҳо ва маҷалаҳои нав аз Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон;
- “Медиа гӯша” бо видео ва аудио маводҳои гуногун;
- Китобҳо ва комиксҳо барои кӯдакон;
- Луғатҳо ва энтсиклопедияҳо;
- Китобҳои методикӣ ва китобҳои дарсӣ барои муаллимон ва донишҷӯёне, ки забонҳои хориҷиро меомӯзанд.
Рӯйхати ҳамаи ҳуҷҷатҳои МФ “Бохтар” дар каталоги электронии МФ “ Бохтар” дастрас мебошад.
Соатҳои корӣ: аз сешанбе то шанбе – 13:00 – 15:30
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Вохӯриҳо
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|