en
tj
fr
ru
Сахифаи якум Санъати тасвирӣ Мусиқӣ Таълим дар соҳаи санъат Мероси фарҳангӣ Китобхона Таълимот Бюллетен
  Санъати тасвирӣ
 
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.  
 
Таълим дар
соҳаи санъат
 
Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои  фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад  
 
  Китобхона
 
Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.  
 
  Таълимот

Ташаббусҳои дигар

МФ «Бохтар» дар соли 2007, семинарҳои ҳарсола барои муаллимони забони фаронсавии донишгоҳҳои ш. Душанбе ва мактабҳои миёнаи Ҷумҳурӣ, ташкил намуд. Семинар ба Ҳафтаи Баналхалқии Франкофонӣ пайваста шудааст ва дар намуди худ ташаббуси ягонае мебошад, ки барои муаллимони забони фаронсавӣ аз минтақаҳои гуногуни кишвар имконият медиҳад ҷамъшуда ягҷоя дар мавзӯъҳои махсус кор кунанд, мисол дар чунин мавзӯъҳо, барномаи дарсӣ, услуби дарсдиҳӣ ё лоиҳаҳои нав барои тарғиби забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон.

Муаллимони забони фаронсавӣ аз Тоҷикистон, ки барои иштирок намудан дар чунин семинарҳо ҳавас доранд, метавонанд варақаи намунавиро барои қайд қуни аз сайт гиранд, онро пур карда ба суроғаи электронии зерин фиристонанд: bactria.education@acted.org

ТАЪЛИМОТ БАРОИ КӮДАКОНИ БО ИМКОНИЯТҲОИ МАҲДУД

МФ «Бохтар» аз соли 2007 барои дастгирӣ намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки танқисии ҷиддӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мекашанд, ташаббускорӣ намуд. Ғояи ин ташаббуси нав дар он буд, ки барои ин кӯдакон, барои дар фаъолиятҳои омӯзишӣ ва эҷодӣ якҷоя иштирок варзидан имконият фароҳам овардан ва ба онҳо имкониятҳои нави худифодакуниро кушодан, ки имкониятҳои эҷодии ҳудро санҷанд ва ба кори гурӯҳӣ ва ҳамкории бо самара саъй намоянд. Дар вақти гузаронидани лагери тобистона, кӯдакон бо забони хориҷӣ ва фарҳрнги нав шинос мешаванд, малакаи компютериро аз худ мекунанд, асосҳои рассомӣ, мусиқӣ ва маҳорати актёриро меомӯзанд, инчунин ба музей ва театр мераванд. Кӯдаконе, ки пеш дар лоиҳа ҷалб карда шуда буданд, ятимони Маркази гурезаҳои ш. Душанбе ё аз табақаҳои камвизоати аҳолӣ буданд, ки дар лагери Махсуси тобистона барои наврасони тарбияашон мушкил, иштирок варзиданд. Баъзе кӯдакон таҳсилашонро баъд аз лагери тобистона ҳам давом доданд, ба дарсҳои МФ “Бохтар” қайд гирифта.

::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::

Дарсҳои забономӯзӣ

Имтиҳонҳо аз DELF/DALF

Қаҳвахонаҳои забонӣ

Грантҳо барои таълимгирӣ ва тадқиқот гузаронӣ

  Мусиқӣ
 
Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд.
Гурӯҳҳо: МИЗРОБ | САМО
 
  Мероси фарҳангӣ
 
Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад.  
 
  Таълимот
 
Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад.  
 
  Маркази Фарҳангии «Бохтар» (c)
статистика