|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Шок - н - Рол
Шодӣ кунед мутаасибони (мухлисони) душанбегии рок-н-рол, саратонро қапед ҳамсоягони “Бохтар” – мо рӯзи умумиҷаҳонии «рок-н-рол»-ро ҷашн мегирем. Ман намедонам шумо чӣ хел, лекин ман чунин рӯйдоди калонро дар шаҳрамон пештар надида будам. Шояд, маҳз аз ҳамин сабаб дар консерт хонандаи синфи ҳафтумро дидан мумкин буд, ки дар қатори якум бар ба бари навозандаҳо ҷӯшу хурӯш мекард ва зану шавҳари миёнасол, ки дар садои мусиқии баланд, ба хотир айёми ҷавонии худро меоварданд, он замоне ки ҷавонон дар мусиқии “She’s got it” рақс мекарданд.
Гурӯҳҳои мусиқӣ дар сабку услуби иҷрокунӣ чунон ба худ хос ва нотакрор буданд, ки намоиш хеле ҳайратангез буд. Якум бачаҳо аз гурӯҳи «Западный кварт» баромад карданд ва асарҳои мусиқиеро пешкаш намуданд, ки бо сабукӣ, романтизм ва нотаҳои файласуфии махсус фарқ мекарданд. Чизе дар мусиқии онҳо доим эҷодиёти гурӯҳи ДДТ-ро дар ёд меорад ва ҳамон замон ҳар кадоми моро ба замони гузашта меорад, ба гузаштаи тиллоии мо, гузаштаи шаҳри азизи мо – Душанбе. Ҳа, ин бачаҳо ҳамачизро карданд, барои он ки муҳити вохӯрӣ гарм шавад ва ба дили ҳозирон гармӣ дарояд.
Пас аз он, фурсати роки вазнин ҳам расид ва аз баромади иштирокчиёни гурӯҳе, бо номи «28 дней до завтра» сар чағ мезад. Як лаҳза ва ҳамаи тӯда гӯё метаркад ва дар як зарбаи оҳанг дод гуфтанро сар мекунанд. Вале ҳатто он ҳақиқат, ки баъзе асарҳои мусиқӣ дар қатори маҳсули эҷодии худи ин бачаҳо намедаромаданд (ин чиз ташкил кунандаҳоро хеле ғамгин кард), барои ҳаловат бурдан аз баромади олиҷаноби навозандаҳо монеъагузорӣ накард.
Барои итмоми мантиқии ин қисми шабнишинӣ, баромади иштирокчиёни гурӯҳи «Зло» сабабгор гардид. Онҳо ба ҳамаи тамошобинон сабки махсуси худро – «kiss», нишон доданд ва чизе бисёр ҳам ҷиддиро сароиданд, ки маънои пинҳонӣ дошт, танҳо барои он ки суханонро дарк карда намешуд. Аммо, ҳамааш на онқадар бад, чунки ба тамошобинон костюм ва грими навозандаҳо писанд омад, агар аниқтар гӯем, равияи бачаҳо чизе дар байни «kiss» ва готҳо буданд. Тилисми онҳо бошад – шоҳзодаи марг, ба ҳамаи ҳозиршудагон CD-и гурӯҳро бо номи – «Суицид» барои харидорӣ намудан пешкаш кард. Хеле оғози зиндадилона, ҳамин тавр не?! Чихеле ки набошад, ба халқ ин мусиқӣ маъқул шуд ва онҳо ба китфи шариконашон баромадан гирифтанд, либосҳояшонро кашида, сарашонро гирд занондан гирифтанд, мисли он ки дар вақти авҷи касалии саръ рух медиҳад. Баромади худро гурӯҳ таҳи додзаниҳои калимаи ҳамаро фарогирандаи ДОБРО (некӣ), тамом кард, ки онро ҳам мисли эътироз ва ҳам мисли писандидан фаҳмидан мумкин буд.
Ва ана лаҳзаи ҳақиқат ҳам расид, ба саҳна гурӯҳи “Парем” баромад, ки мақсади асосии он кардани кори имконнопазир ва ором кунонии исёнгарон бо асарҳои мусиқии ороми худ мебошад, ки он ба равияи роки алтернативӣ дохил мешавад. Ва ана мӯъҷиза, халқ ба поён фаромадан гирифт, куртаҳо боз ба тан пӯшидашудааст ва бачаҳое, ки навакак пурдоду ғалоғула ва идора нашашванда буданд, акнун бо садои орому форами оҳанги тамоман мусиқии дигар ҳаловат мебурданд.
Нақши асосиро бошад дар шабнишинӣ баромади гурӯҳи “Шамс” гирифт. Онҳо беҳтарин асарҳои мусиқии роки этникиро, ки ҳеҷ вақт пеш аз ин дар Тоҷикистон набуд, навохтанд. Шубҳа кардан ҳам ҳоҷат набуд, зеро он чизе ки дар он дам навохта мешуд – аниқ аз равияи рок буд, вале, ба ман бовар кунед, – ин ба одамоне, ки дар таҳи садои ҳамин мусиқӣ рақси миллӣ мекарданд (гуфтан лозим аст, ки онҳо асосан помирӣ буданд), тамоман халал намерасонид.
Хулоса бароварда, бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки ин чорабинӣ боз як бори дигар серқиррагӣ ва ногувории рок-н-ролро ва мухлисони онро нишон дод. Зеро, ба ғайр аз базми шавқовар дар ин рӯз барои меҳмонони МФ «Бохтар» имконият буд, ки иштирокчии маҳфили шиносоӣ бо китоби Кайд – “Город понедельник (Шаҳри душанбе)” шаванд, ки дар бораи ҳаёти Душанбе дар давраҳои солҳои 80-ум ва инчунин филмеро тамошо кунанд, ки дар бораи таърихи ҳаракати равияи рок дар Россия хабар медод. Ҳар як рӯйдоди он рӯз бори дигар ба ҳар яки мо исбот мекард, ки маънои роки тоҷикӣ на танҳо вуҷуд дорад, балки дар
оғозшавиҳои беҳтарин зоҳир мешавад ва бо худ мафҳуми асосиро, ки “Рок-н-рол» ин озодӣ аз ҳама чиз ва аввалан аз одама худаш, хабар медиҳад.
(Кузиев Фарух – ёвари барномаҳо)
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Fête de la Musique
Ба шумо “ҷаз” намерасид?
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|