|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
САМО
«Само» (осмон) ин ансамбли мусиқии анъанавӣ мебошад, ки моҳи сентябри соли 2006 дар асоси Осорхонаи Гурминҷ – осорхонаи на чандон калони шахсии асбобҳои мусиқӣ дар Душанбе, Тоҷикистон, ташкил шуда буд. Зодаи Помири кӯҳнисор буда, ки онҷо мусиқӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯза мебошад, иштирокчиёни (ҳайати) гурӯҳ бо мусиқӣ, аз айёми кӯдакӣ машқ меварзанд ва оҳангҳои падаронашон, модаронашон ва мусиқинавозони касбиро аз ёд кардаанд. Ҳамаи онҳо бо бисёр асбобҳо моҳирона навохта метавонанд ва ҳам суруд хондан ҳам метавонанд. «Само» асосан оҳангҳои минтақаи Помирро менавозад, аммо дар репертуари онҳо мусиқии дигар ноҳияҳои Тоҷикистон дохил мешавад. Ба ғайр аз навохтани мусиқии халқӣ, онҳо аксар вақт мусиқии худашонро менавозанд, ки он элементҳо ва услубҳои анъанавии мусиқиро дар бар мегиранд. Фалак - ин жанри махсуси иҷроиши мусиқии мотамӣ мебошад; даргилик ин сурудҳои кӯҳнаи мотамӣ ва лалаик сурудҳои дар сари гаҳвора мехондагӣ мебошанд, аммо, ҳамаи ин сурудҳоро дар ҳаргуна ҳолатҳо хондан мумкин.
Дар давоми соли якуми мавҷудият, гурӯҳи «Само» якқатор консертҳоро дар Осорхонаи Гурминҷ ва дигар ҷойҳо барпо намуд. Кӯшиши онҳо баҳри ҳифз намудан ва равнақ додани анъанҳои Помир ва Тоҷикистонро, аз тарафи аудитория ва мутахассисони соҳаи фарҳанг хеле васеъ писанд карда мешавад.
Ба ғайр аз консертҳо, ансамбл ба кори таълимӣ дар Осорхонаи Гурминҷ ва мактабҳои мусиқӣ ҷалб карда шудааст. Онҳо услуби таълимдиҳии анъанавиро, ки аз устод ба шогирд мебошад, давом медиҳанд.
Ҳайати гурӯҳ:
Шавқмаҳмад Пӯлодов – сетар, рӯбоб, вокал
Файзмаҳмад Назариев – рӯбоб, тамбур, вокал
Шамбе Мамадгаминов – ғиҷак, най, вокал
Далер Палаев – даф, таблак, вокал
Қурбонасейн Алишаев – даф, таблак, вокал
Дискография:
Албоми якум: “Само”, студия Суруш Мюзик, Душанбе, 2007с.
Консертҳо:
Осорхонаи Гурминҷ, Хонаи Синамо, Макази Фарҳангии “Бохтар”, Коҳи “Ваҳдат”, Коҳи “Ҷомӣ”, дигар шаҳрҳои Тоҷикистон, сафарҳои ҳунарӣ ба ШМА дар соли 2008, Рудолфштат, Олмон дар соли 2008.
Маълумот дар воситаҳои ахбори омма:
Интервю бо гурӯҳи “САМО” дар BBC
Сайти тоҷикии итилоотӣ доир ба фарҳанг
BBC perse
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Истинодҳо ба консертҳои пешина
Лоиҳаи 'Gurminj Live'
МИЗРОБ
Давлат Назри
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|