|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Грантҳо барои таълимгирӣ ва тадқиқот гузаронӣ
Барои ҷараёни ислоҳот гузаронии системаи маориф бояд ба таълимот ва иштироки донишҷӯён, олимон дар барномаҳои академӣ дар хориҷа, дастгирии молӣ карда шавад. Дониши забонҳои хориҷӣ ин танҳо қадами якум барои онҳое ки дар хориҷа таҳсил карданӣ ҳастанд ва МФ «Бохтар» ягона ҷоест, ки курсҳои шиддатноки забономӯзӣ, клубҳои забонӣ бо маълумот дар бораи грантҳо ва стипендияҳо барои хондан ва коромӯзӣ дар берун аз Тоҷикистон, ҳамҷоя мекунад.
Гарчанде, ки МФ «Бохтар» донишҷӯёни стипендияҷӯйро дастгирии молиявӣ накунад ҳам, аммо, бо паҳн кардани маълумот дар бораи грантҳое, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дода мешавад, ба онҳо нақши калонро мебозад ва дар интихоби донишҷӯёни стипендияҷӯй, барои барномаҳои аз тарафи Сафорати Фаронса ва Бунёди Сорос пешкаш мешуда, иштирок мекунад. Ҳар сол дар натиҷаи ингуна ҳамкории босамар якчандто донишҷӯён ва тадқиқотчиён аз Тоҷикистон дар хориҷа, бо доираи барномаҳои таълимӣ дар соҳаҳои гуногуни илм, таҳсил мекунанд.
Маълумоти иловагӣ дар бораи стипендияҳо барои донишҷӯён ва тадқиқотчиёни Тоҷикистон:
www.ucentralasia.org
www.americancouncils.org
www.daad.tj
www.irex.tj
www.ec.europa.eu/erasmus-mundus
www.eacea.ec.europa.eu/extcoop/call/index.htm
www.britishcouncil.org
www.soros.org
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Дарсҳои забономӯзӣ
Имтиҳонҳо аз DELF/DALF
Қаҳвахонаҳои забонӣ
Ташаббусҳои дигар
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|