|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
|
|
Маркази Фарҳангии «Бохтар» бо худ як фазоеро барои эҷодиёти ақидавӣ муаррифӣ мекунад, ва вазифаи суръатдиҳандаро иҷро намуда барои рассомони тоҷик имконияти эҷодиёти худро дар намуди озод ва эксперименталӣ баён намуданро медиҳад. Ҳозир МФ «Бохтар» ягона ҷоест дар Душанбе, ки рассомонро барои истифода бурдани роҳҳои нави баён кардани нигоҳи санъатии худ ҳавасманд месозад. Мувофиқи фикри асосие, ки Марказ пешмебарад, санъати муосир шаклҳои гуногуни баёнотро дар бар мегирад, ки дар он маънои эстетикӣ,
фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ошкор ва мубоҳиса мешавад. Мақсади МФ «Бохтар» дар санъати тасвирӣ ин ёрӣ намудан барои рассомони маҳаллӣ ва коргарони эҷодкор (санъатшиносон, рӯзноманигорон, арт-менеҷерон), ки онҳо фикри асосӣ ва ақидаи ҷараёни санъати муосирро дарк намоянд. Мо рассомон ва коргарони эҷодкорро даъват ва дасгирӣ намуда, ба ҳамин тариқ ёрӣ медиҳад ки бисёртар дар бораи кори назоратӣ дар семинарҳо ва мастер классҳои мо фаҳманд. Дар вақти кори муштарак бо рассомон ва кураторони аз Осиёи Миёна, Аврупо, ШМА рассомони мо дониши ҳам назариявӣ ва ҳам таҷрибавӣ дар бораи матни санъати ҷаҳони мегиранд. Намоишгоҳҳои доимии мо, ҳам якҷоя ва ҳам шахсӣ, сохти ақидавӣ дорад ва барои барпо намудани гуфтугӯ байни рассомон ва тамошобинон хизмат мекунад.
Намоишгоҳҳо бо семинарҳо, лектсияҳо, мусоҳибаҳо якҷоя гузаронида мешаванд. Сӯҳбат бо рассомон аудиторияро ба иштирокчиёни асосии мубоҳиса, табдил медиҳад ва фикрронии танқидиро дар онҳо инкишоф медиҳад.
МФ «Бохтар» кӯшиш мекунад ҷарёни эҷодии рассомони тоҷикро бедор кунад, ки бо ин ёрӣ расонад ба онҳо баҳри баланд бардоштани обрӯяшон дар саҳнаи санъати ҷаҳонӣ ва бештар намудани иштироки рассомони мо дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ ва биенналийҳо.
Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад.
Ҷамшед Холиқов – роҳбари лоиҳаҳои доир ба намоишгоҳҳо
|
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Санъати муосири Тоҷикистон
Намоишгоҳи 2008 |
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|