|
| |
 |
| Намоишгоҳ – ин на танҳо гуфтугӯи самимона, ин боз як ҳолатест, ки дар он шиддати махсусе ба вуҷуд меояд, як муқоисоте пайдо мешавад, дар куҷо ҳамаи мураккабиҳои санъати муосир намоён мешавад ва онро ҷолиб мекунад. Намоишгоҳ ин худ мисли як ҷойҳои маҳаллӣ мебошад, ки дар он тамошобин ҷаҳонро ва ҷаҳон бошад тамошобинро нигоҳ мекунад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Маркази Фарҳангии «Бохтар» сохтори амалӣ гардони ташабусҳои фарҳангии АКТЕД буда, худро ба кори дастрас гардонии имконияти гирифтани маълумот ва таълими иловагӣ, равона месозад. Чорабиниҳои омӯзишиеро, ки ба рассомон ва эҷодкорон равона карда шудааст, бо боварии пурра нисбати он гузаронида мешавад, ки дарк кардани худшиносии миллӣ, таъғиротҳо ва тарақиётҳои иҷтимоӣ дар фаъолони ҷомеа зоҳир гардида метавонад |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Яке аз ҷузҳои асосии итилоотии МФ “Бохтар”, китобхона мебошад. Сардори он Гулчеҳра Ҷумаевна Исобоева мебошад. Ӯ мутахассисест, ки якчанд забонҳоро медонад. Ва ин тасодуфӣ нест. Дар китобхона китобҳо ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ пешкаш шудаанд. Фонди китобхона, фонди китобхона дар соҳаҳои фарҳангу таърих махсусият гирифтааст.
|
|
|
|
|
 |
|
| |
Таълим ва координатсия дар соҳаи санъат |
|
|
Семинарҳо дар доираи мавзӯъи кураторӣ ва танқиди бадеӣ
Ба туфайли дастгирии ингуна ташкилотҳо мисли Институти Ҷомеаи Кушода ва Раёсати Швейтсария доир ба ҳамкорӣ ва тараққиёт, дар тӯли солҳои охир дар Тоҷикистон баландшавии шумораи лоиҳаҳо доир ба санъати муосир дида мешавад. Ва бо вуҷуди он ки сифати ин лоиҳаҳо хеле баланд буданд, лекин муҳимияти онҳо аз тарафи танқидкорони санъат ва рӯзноманигорон бе аҳамият монд. Ин зуҳурот бештар бо он вобаста аст, ки падидаҳои санъати муосир ҳоло ҳам чизи нав барин барои назариётчиҳои Тоҷикистон менамоянд. Барои ба ин ҳодиса муқовимат кардан, Маркази Фарҳангии «Бохтар» ду силсилаи семинарҳоро гузаронид, ки мақсади онҳо тарғиб намудани воситаҳои санъати муосир дар байни рассомони тоҷик ва ташкил намудани асоси кори кураторӣ ва танқиди бадеӣ барои санъати муосир дар Тоҷикистон мебошад. Семинарҳо дар мавзӯъҳои кори кураторӣ, танқиди бадеӣ ва рӯзноманигорӣ бахшида шудаанд.
Чунин семинар дар Тоҷикистон дар намуди худ якумин буд. Дар Тоҷикистон нақши кураторон на бо рассомон ва на бо танқидкорон дарк карда намешавад, барои ҳамин семинар пеш аз ҳама ба онҳо ташкил карада шуда буд. Семинари дурӯзаро Дастан Кожахметов аз Маркази санъати муосири Сорос, ш. Алма-Ата, Қазоқистон, куратори эътирофшудаи санъати муосир, гузаронид. Натиҷаи чашмдошти ин семинар оғози гузаронидани намоишгоҳҳои кураторӣ дар Тоҷикистон буд.
Тарақиёти ҷараёни муосири эҷоодӣ, бе иштироки фаъоли танқидкории бадеӣ ва воситаҳои махсуси ахбори омма имконнопазир мебошад. Бисёр вақт дар Тоҷикистон аксари чорабиниҳои фарҳангӣ, аз тарафи танқидкорон ва воситаҳои ахбори омма, ноаён мемонанд. Ва ин на аз барои он рух медиҳад, ки танқидкорон ва рӯзноманигорон ба чунин чорабиниҳо намераванд. Сабабаш эҳтимол дар он мебошад, ки онҳо, ба таври оддӣ гӯем агар, кордонона санъати муосирро инъикос дода наметавонанд, сараввал аз барои норасоии маълумот дар ин соҳа.
Семинари дигари ба санъати муосир бахшида шуда, барои танқидкорони бадеӣ ва рӯзноманигорон, ҳам касбӣ ва ҳам донишҷӯй, ташкил шуда буд. Мақсади он, барои иштирокчиён маълумоти назариявӣ ва маслиҳатҳои амалиро пешкаш намудан буд, барои баҳо додан ва танқид кардани санъати муосир бо воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва ҳамин тавр бозҳам аниқтар муайян кардани тарҳҳои санъати муосир дар кишвар мебошад. Семинарро Оксана Шаталова гузаронид, танқидкори соҳибихтиёри санъати муосир аз Қазоқистон, ки асарҳояш дар маҷаллаҳои эътирофшудаи Осиёи Марказӣ чоп мешаванд, мисли «Интернет и Я (Интернет ва Ман)», дар веб сайтҳои қазоқӣ ва русӣ, дар феҳрастҳои биенналийҳои байналхалқӣ ва намоишгоҳҳои санъати муосир.
Иштирокчиён – рӯзноманигорон ва санъатшиносон, имконият пайдо намуданд, ки на танҳо бо таърихи санъати тасвирӣ, аз модернизм то постмодернизм шинос шаванд, аммо ба даст овардани малакаи кор аз ҷиҳати нуқтаи назари профессионалӣ ва бадеӣ мебошад. Ба ғайр аз лексияҳо, семинар инчунин машқҳои амалиро дар бар мегирифт, ки дар онҳо иштирокчиён мақолаҳо менавистанд, асарҳои санъати муосирро муҳокима мекарданд ва бо кори амалии арт рӯзноманигорӣ машғулият мекарданд.
::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::::
Имконияти итилоотгирӣ - вохӯриҳои координатсионӣ доир ба фарҳанг
|
|
 |
|
|
| |
 |
| Маркази фарҳангии «Бохтар» ба кори амал овардани лоиҳаи ташкил намудани потенсиал (имконият) ва муҳити тараққӣ диҳанда барои саноати мусиқӣ дар Тоҷикистон, кӯшиш мекунад. Аввалан МФ «Бохтар» майдончаи бепулро барои баромад кардан пешкаш мекунад ва доим консертҳоро ташкил мекунад дар куҷо навозандагон эҷодиёти худро пешкаш карда метавонанд. Чунин фестивалҳо мисли Рӯзи рок-н-рол ё Fete de la Music навозандагонро рӯҳбаланд мекунанд, ки оҳангҳои навро эҷод кунанд. |
|
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Агар ки имконият пайдо шавад, АКТЕД кӯшиш менамояд, ки барои муҳофизати мероси фарҳангӣ ва аз нав барқарор кардани он, ёрии гуногун расонад. Ҳолатҳои гуногун рух медиҳад, аксар вақт объектҳои мероси, аз беаҳамиятӣ ё худ аз ноқобилии намояндаҳои ҳукумати маҳаллӣ ва дигар муассисаҳо ба чунин объектҳо нигоҳ накардан, вазъияташон хароб мебошад. |
|
|
|
|
 |
|
| |
 |
| Дар натиҷаи вайроншавии системаи маорифи томактабӣ ва миёна, вазъияте ба вуқӯъ омад, ки камтар аз 60%-и аҳолии синни мактабрави Тоҷикистон, имконияти маълумотгирӣ доранду тамом. Имконияти таълимоти иловагиро пешкаш намуда, МФ “Бохтар” мақсади фароҳам овардани имконияти итилоотгирӣ ва таълимгирӣ, дорад. |
|
|
|
|
 |
|